Ташрифи Валентина Матвиенко ба Тоҷикистон



Раиси Шӯрои Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко нимаи дуюми имрӯз бо сафари расмии дурӯза ба Душанбе ташриф меорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ хабар дод, нахуст Валентина Матвиенко бо раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дидору гуфтушунид анҷом медиҳад.

Ҳамин рӯз дар қароргоҳи ҳукумат дар пойтахт ҷаласаи комиссияи ҳамкории палатаҳои болоии парлумонҳои Тоҷикистон ва Русия баргузор мешавад.

Пагоҳ, 13-уми март Валентина Матвиенкаро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.

Худи ҳамин рӯз мулоқоти ӯ бо раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров доир гардида, раиси Шӯрои Федералии Федератсияи Русия ҳамчунин аз сафорати Русия дар Тоҷикистон ва пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон низ боздид мекунад.

spot_imgspot_img

Популярное