Сипоси Обама ба Раҳмон барои саҳм дар таҳкими сулҳу суботи Афғонистон

Санаи 21-уми майи соли равон дар Қасри Сафед маросими супоридани Эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Фарҳод Салим ба Президенти ИМА Барак Обама барпо гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, пас аз ин маросим суҳбати кӯтоҳ бо Президенти ИМА анҷом дода шуд. Зимни мусоҳиба паём ва таманниёти Президенти […]



Санаи 21-уми майи соли равон дар Қасри Сафед маросими супоридани Эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Фарҳод Салим ба Президенти ИМА Барак Обама барпо гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, пас аз ин маросим суҳбати кӯтоҳ бо Президенти ИМА анҷом дода шуд. Зимни мусоҳиба паём ва таманниёти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти ИМА Барак Обама расонида шуд.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот Президенти ИМА ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нақши назаррас дар пайгирӣ ва ҳамкорӣ дар масъалаҳои минтақавӣ, барқарорсозӣ, таҳкими сулҳу субот ва эҳёи иқтисодии Афғонистон изҳори сипос намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.