Вазорати мудофиаи Тоҷикистон маълумоти чанде аз васоити ахбори умумии ватаниву хориҷӣ дар бораи тариқи чархбол ба маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ сафарбар намудани беш аз 100 нафар сарбозону афсарони вазоратро рад кард.
Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадлиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки имрӯз барои интиқоли нерӯҳои иловагӣ ба шаҳри Хоруғ ҳеҷ зарурате нест. «То ҷое ман огаҳам, имрӯз вазъ дар Хоруғ пурра таҳти назорати сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят қарор дорад», – гуфт Маҳмадалиев.
Ёдрас мекунем, ки ахири ҳафтаи гузашта сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Ҷалолиддин Садриддинов низ
изҳор намуда буд
, ки ба фиристодани нерӯ ва воситаҳои иловагии сохторҳои қудратӣ ба шаҳри Хоруғ барои таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ ҳеҷ зарурате нест.
Дар ҳамин ҳол, аз хадамоти матбуоти раиси ВМКБ ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки имрӯз дар шаҳри Хоруғ ҳеҷ гуна гирдиҳамойӣ ба мушоҳида намерасад ва шаб оромона сипарӣ шудааст. «Қаблан дар майдони марказии шаҳр ҳеҷ гуна гирдиҳамойиву издиҳоми мардум ба мушоҳида нарасида, барои таҳқиқи ҳодисаи ахир дар Хоруғ комиссияи муштараки ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ таъсис дода шуд, ки имрӯз ба кор шурӯъ мекунад», – гуфтанд дар хадамоти матбуоти раиси ВМКБ.



