Аз рӯи натиҷаҳои сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Баҳрайн миёни кишварҳо 8 санади ҳамкорӣ ба имзо мерасанд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба имзо расидани санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои андозбандӣ, ташвиқ ва ҳимояи сармоягузорӣ, алоқаи ҳавоӣ, тандурустӣ, фарҳанг, туризм ва доир ба машваратҳои хориҷӣ дар назар аст.
Шоми рӯзи сешанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба пойтахти Шоҳигарии Баҳрайн – шаҳри Манама ворид шуд. Дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Манама сарвари давлати Тоҷикистон муовини сарвазири Шоҳигарӣ шайх Алӣ ибни Халифа оли Халифа ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Гуфта мешавад, зимни сафари расмӣ ба Шоҳигарии Баҳрайн Эмомалӣ Раҳмон бо подшоҳи Шоҳигарии Баҳрайн шайх Ҳамад ибни Исо оли Халифа, раисони ҳарду палатаҳои парлумони Шоҳигарӣ, роҳбарони бузургтарин бонкҳои кишвар ва дигар шахсиятҳои воломақом мулоқотҳои судбахш анҷом дода, дар форуми соҳибкорону тоҷирони ду кишвар иштирок хоҳад намуд.



