Сафари вазири корҳои хориҷӣ ба Қазоқистон анҷом ёфт



Санаи 16-уми июни соли равон сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ба Қазоқистон анҷом ёфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар доираи сафар Вазири корҳои хориҷиро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимов ба ҳузур пазируфт, инчунин мулоқотҳои Сироҷиддин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ерлан Идрисов ва Ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, Вазири ҳифзи табиат ва захираҳои оби Ҷумҳурии Қазоқистон Нурлан Каппаров доир гардиданд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро муҳокима карда, оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд. Ҳамчунин тарафҳо ҷанбаҳои сиёсии ҳамкориҳои мутақобиларо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Мусоҳибон мавқеи ҳамсон баён доштанд, ки робитаҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар пояи усулҳои эътимод, якдигарфаҳмӣ ва ҳамкории шарикӣ асос ёфта, дар тавсеаи ин муносибатҳо муколамаи сиёсӣ дар сатҳи олӣ нақши муҳимро мебозад.

Ҷонибҳо аҳамияти фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникиро дар густариши робитаҳо дар соҳаҳои нақлиёт, саноат, энергетика, маориф ва фарҳанг изҳор намуда, зарурати истифодаи васеи иқтидори кишварҳоро барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодӣ таъкид сохтанд.

spot_imgspot_img

Популярное