А.Лиситсин: Тоҷикистон шарики хеле муҳими сиёсии Русия аст

Бино ба маълумоти рӯзи 8-уми июли «Парламентская газета», зимни муколамаи видеоии «Рушди стратегии муносибатҳои мутақобилаи Русия ва Тоҷикистон» узви Кумитаи умури байнулмилалии Шӯрои Федератсия Анатолий Лиситсин изҳор доштааст, ки Тоҷикистон шарики хеле муҳими сиёсии Русия маҳсуб меёбад. Ба гуфтаи ӯ, хубтар мебуд агар ҷараёни ҷорӣ кардани шиносномаҳои хориҷӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон сабуктару беозор сурат мегирифт. […]

ASIA-Plus



Бино ба маълумоти рӯзи 8-уми июли «Парламентская газета», зимни муколамаи видеоии «Рушди стратегии муносибатҳои мутақобилаи Русия ва Тоҷикистон» узви Кумитаи умури байнулмилалии Шӯрои Федератсия

Анатолий Лиситсин

изҳор доштааст, ки Тоҷикистон шарики хеле муҳими сиёсии Русия маҳсуб меёбад.

Ба гуфтаи ӯ, хубтар мебуд агар ҷараёни ҷорӣ кардани шиносномаҳои хориҷӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон сабуктару беозор сурат мегирифт. «Дар Русия кммбуди қувваи корӣ ҷой дорад ва дар ин масъала ба тоҷикон ҳам бояд афзалият дода шавад», – хотиррасон намудааст сенатор.

Дар навбати худ, мудири иҷроияи Маркази сиёсатшиносии «Шимол – Ҷануб» Юлия Якушева зикр кардааст, ки «роҳи мустақил» барои Тоҷикистон маънои ҳамкорӣ бо Русияро дорад. «Дар ин бора ҳама далелҳо гувоҳӣ медиҳанд. Ҳеҷ яке аз кишварҳо имрӯз мустақилона, бидуни узвият дар сохторҳои созмону иттиҳодҳо ба рушд ноил гардида наметавонад», – иброз доштааст коршинос.

Ба гуфтаи ӯ, буҳрон дар Украина буҳрони фаъолияти бисёрҷонибаро таҷассум намуд. «Яъне имрӯз мебояд ба хулосае расид. Аз ин рӯ, барои Тоҷикистон ҳамкорӣ бо Русия аз нигоҳи стратегӣ муҳим аст», – қайд кардааст ӯ ва ба исботи гуфтаҳояш далел овардааст, ки ҳудуди 50%-и ММД Тоҷикистон маблағҳои интиқолшудаи муҳоҷирони корӣ аст.

Дар идома Якушева зикр кардааст, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) алҳол ҳамкории иқтисодӣ, на сиёсиро дар назар дорад. Ӯ мутмаинона изҳор намудаст, ки барои таъмини фаъолияти муваффақонаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё имрӯз мебояд аз ҳама хатарҳои имконпазир пешгирӣ кард.

«Тезонидани масъалаи ҳамроҳшавии аъзои нав ба Иттиҳод алҳол зиёдатӣ аст ва имрӯз барои рушди муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Русия ҳеҷ монеъае вуҷуд надорад. Ғайр аз ин, мо роҳандозии ҳамкориҳо дар сатҳҳои дигар – СҲШ ва СААД-ро низ дорем», – зикр кардааст меҳмони студия.

Дар фарҷом Якушева, маълумоти назарсанҷии ахири Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори умум (ВЦИОМ)-ро мисол овардааст, ки мутобиқи он, русиягиҳо Тоҷикистонро дар ҳайати Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дидан мехоҳанд ва ба ҷонибдории он ҳатто аз Украина ҳам бештар овоз додаанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.