ҲХДТ ба анҷумани пешазинтихоботӣ омодагӣ мегирад



Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ахири моҳи август пленуми Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ-ро баргузор карданист, ки дар он санаи даъвати анҷумани пешазинтихоботии ҳизб ва тартиби интихоби вакилони анҷуман муайян карда мешавад.

Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон дар саросари кишвар маҷлисҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизб доир гардида, дар онҳо вакилони конфронсҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва вилоятии ҲХДТ интихоб мешаванд. «Дар ин конфронсҳо вакилони анҷумани пешазинтихоботии ҳизб муайян карда мешаванд», – иброз дошт номбурда.

Ӯ хотиррасон намуд, ки дар анҷумани ахири ҳизб санаи 4-уми октябри соли гузашта пешвои ҳизб Эмомалӣ Раҳмон номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуда, он замон аз 1 ҳазор аъзои ҳизб 1 намоянда ба вакилӣ дар анҷуман пешниҳод шуда буданд.

Мутобиқи меъёрҳои қонунгузории интихоботи ҷумҳурӣ, аз 63 нафар вакилони палатаи поёнии парлумон 22 нафарашон аз рӯи ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ интихоб карда шуда, 41 нафар вакили боқимонда аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ интихоб карда мешаванд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 10-уми декабри соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он ҳудуди 250 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

spot_imgspot_img

Популярное