Дар доираи сафари нахустини расмӣ ба Тоҷикистон президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ аз парлумони Тоҷикистон боздид намуда. бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров дидору гуфтушунид кард.
Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни мулоқот Ш.Зуҳуров таъкид дошт, ки Эрон кишвари якумест, ки соли 1991 расман соҳибистиқлолии давлатии Тоҷикистонро эътироф намуда, моҳи январи соли 1992 намояндагии дипломатии худро дар Душанбе ифтитоҳ кард.
Раиси палатаи поёнии парплумони ҷумҳурӣ изҳори умедворӣ намуд, ки сафари кунунии президенти Эрон дар муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо саҳифаи навро боз мекунад.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаи густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни кишварҳо низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Президенти Эрон аз вазъи ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байнулмилалӣ қаноатмандӣ изҳор кард.
Ҳамроҳ бо Шукурҷон Зуҳуров президенти Эрон аз Академияи илмҳои Тоҷикистон низ боздид намуда, бо олимон ва донишмандони кишвар мулоқот кард. Дар фарҷоми вохӯрӣ ба доктор Ҳасани Рӯҳонӣ дипломи узви хориҷии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шуд.



