Тақдими дипломи узви хориҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба президенти Эрон

Дар доираи сафари нахустини расмӣ ба Тоҷикистон президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ аз парлумони Тоҷикистон боздид намуда. бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров дидору гуфтушунид кард. Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни мулоқот Ш.Зуҳуров таъкид дошт, ки Эрон кишвари якумест, ки соли 1991 расман соҳибистиқлолии давлатии […]



Дар доираи сафари нахустини расмӣ ба Тоҷикистон президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ аз парлумони Тоҷикистон боздид намуда. бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров дидору гуфтушунид кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни мулоқот Ш.Зуҳуров таъкид дошт, ки Эрон кишвари якумест, ки соли 1991 расман соҳибистиқлолии давлатии Тоҷикистонро эътироф намуда, моҳи январи соли 1992 намояндагии дипломатии худро дар Душанбе ифтитоҳ кард.

Раиси палатаи поёнии парплумони ҷумҳурӣ изҳори умедворӣ намуд, ки сафари кунунии президенти Эрон дар муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо саҳифаи навро боз мекунад.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаи густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни кишварҳо низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Президенти Эрон аз вазъи ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байнулмилалӣ қаноатмандӣ изҳор кард.

Ҳамроҳ бо Шукурҷон Зуҳуров президенти Эрон аз Академияи илмҳои Тоҷикистон низ боздид намуда, бо олимон ва донишмандони кишвар мулоқот кард. Дар фарҷоми вохӯрӣ ба доктор Ҳасани Рӯҳонӣ дипломи узви хориҷии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.