Президенти Русия ба Тоҷикистон ташриф овард

Президенти Русия Владимир Путин ҷиҳати иштирок дар кори нишасти Созмони ҳамкории Шанхай ба Душанбе омад. Тибқи маълумоти расмӣ, имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон мулоқоти Владимир Путин бо раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов дар назар буда, ҳамчунин вохӯрии сеҷонибаи сарони кишварҳои Русия – Чин – Муғулистон ба нақша гирифта шудааст. Ҳамаи […]



Президенти Русия Владимир Путин ҷиҳати иштирок дар кори нишасти Созмони ҳамкории Шанхай ба Душанбе омад.

Тибқи маълумоти расмӣ, имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон мулоқоти Владимир Путин бо раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов дар назар буда, ҳамчунин вохӯрии сеҷонибаи сарони кишварҳои Русия – Чин – Муғулистон ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамаи ин дидору гуфтушунидҳо то оғози консерти «Шоми дӯстӣ» дар «Кохи Борбад» (оғоз соати 19-00) баргзор мешаванд, ки ин консерти пуршукӯҳ бо иштироки беш аз 800 нафар ҳунармандон махсус барои меҳмонону иштирокдорони нишасти СҲШ таҳия гардидааст.

Пас за хӯроки шоми расмӣ вохӯрии В.Путин бо Э.Раҳмон ба нақша гирифта шудааст, ки соати 22-30 пешбинӣ мешавад.

Пас аз нишасти СҲШ рӯзи 12-уми сентябр президенти Русия Владимир Путин бо президенти Эрон Ҳасани Рӯхонӣ ва президенти Қазоқистон Нурсултон Назаробоев дидору гуфтушунид мекунад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия бо назардошти воқеияти муосир устуворона ва давра ба давра тамоюлот ба таъмиқу тавсеа доранд. Дар ҳошияи афзун гардидани нақши дипломатияи иқтисодӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ, муносибатҳои миёни Тоҷикистону Россия боз ҳам тақвият ёфта, онҳо торафт ҷабҳаҳои нав ба нави ҳамкориро мувофиқи имконият, ниёзмандӣ манфиатҳои мутақобила ва наздикии мавқеъ оид ба сиёсати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фарогиранд.

Аз соли 1992 то 2013 миёни Тоҷикистону Россия зиёда аз 230 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравии танзимкунандаи аксарияти соҳаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Миёни ду кишвар робитаҳои фаъоли сиёсӣ ва алоқаҳои бевосита дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудаанд. Роҳбарони ҳарду давлат мунтазам дар доираи сафарҳои расмӣ ва корӣ, инчунин зимни ҳамоишҳои гуногуни байналмилалӣ мулоқоту вохӯриҳои зиёди судманд анҷом медиҳанд, ки дар рафти онҳо муҳимтарин масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россия ба таври мушаххас баррасӣ мегарданд.

Ёдрас мекунем, ки соли равон раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай, ки таҳти шиори  «Ҳамкорӣ, рушд ва рифоҳи муштарак» ҷараён дошт, бо баргузории ҷаласаи Шӯрои  сарони кишварҳои аъзои созмон дар Душанбе (11-12 сентябри соли 2014) ба имом расида, раёсат дар СҲШ ба Русия таҳвил мешавад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.