Дар брифинг бахшида ба интихобот ба палатаи болоии парлумони Қазоқистон (1-уми октябр) ҳамоҳангсози гурӯҳи нозирони байнулмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ, президенти Акадмияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов изҳори умедворӣ намуд, ки интихоби ваиклон ба сенати Қазоқистон дар вазъи ором ва комилан мутобиқи қонунгузории миллии ин кишвар сурат хоҳад гирифт.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки нозирон аз Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ мониторинги маъракаи интихоботӣ дар як қатор шаҳрҳо ва марказҳои вилояти Қазоқистонро анҷом дода, бо номзадҳо ба вакилӣ дар Сенати парлумон, раҳбарияти комиссияҳои интихоботии вилоятӣ вохӯриҳо мегузаронанд.
«Ба ҳайати гурӯҳи иборат аз 28 нафар нозирон вакилони парлумонҳои Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, дабири кулли Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Алексей Сергеев, коршиносони Пажуҳишгоҳи байнулмилалии мониторинги рушди демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ, кормандони котиботи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ шомиланд», – иброз доштааст ӯ.
Гурӯҳи нозирони байнулмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ дар Алмаато бо мақсади анҷом додани мониторинги омодагӣ ва баргузории интихоботи вакилон ба Сенати Қазоқистон ба кор оғоз намуданд.


