Нахустин сафири Эрон дар Тоҷикистон Алӣ Ашраф Муҷтаҳид Шабистарӣ, ки дар кишвари мо солҳои нахусти соҳибистиқлолии кишвар, замони даргириҳои шаҳрвандӣ фаъолият дошт, дар ҷаласаи навбатии Фонди ҷамъиятии профессор Иброҳим Усмонов «Гуфтугӯи тамаддунҳо» ширкат меварзад.
Профессор Иброҳим Усмонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Шабистарӣ давоми солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон ба ҳайси сафири Эрон ифои вазифа намуда, хотираҳояшро дар бораи солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон, вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҷумҳурӣ иброз хоҳад дошт.
Зимнан зикр гардид, ки вохӯрӣ бо дипломати эронӣ санаи 9-уми октябр дар маркази савдои «Пойтахт» дар шаҳри Душанбе доир мегардад.



