Иштироки президент дар маросими ифтитоҳи корхонаи асфалт дар Ҷиликӯл

spot_imgspot_img

Дата:



Рӯзи дуюми сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон аз ноҳияи Ҷиликул оғоз ёфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ноҳия бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст корхонаи асфалт, ки бо кумаки грантии Ҳукумати Япония сохта ва бо техникаю таҷҳизоти навтарини соҳа муҷаҳҳаз шудааст, расман ба кор дароварда шуд. Ин корхона дар майдони 4 гектар замини бекорхобидаи ноҳияи Ҷиликул дар муддати хеле кӯтоҳ бо харҷи 41 миллион сомонӣ сохта шудааст.

Барои таъмини кори мунтазами корхона ва истеҳсоли асфалти хушсифат ба ин ҷо 64 адад техникаю механизмҳои навтарини ин соҳа ва технологияи муосири японӣ ворид карда шудааст. 8 мошини калони боркаш, 6 адад мошини махсус, 6 автогрейдер, 3 булдозер, 2 боркунаки фронталӣ, 6 эксватор, 2 ғалтак ва дигар таҷҳизоти роҳсозӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Дар як соат дар ин корхонаи нав 36 тонна асфалт истеҳсол мешавад. Тамоми раванди кори корхона тавассути компютер аз ҷониби ду нафар мутахассисони маҳаллӣ, ки махсус барои ин кор омӯзонда шудаанд, идора карда мешавад.

Дар назди ин корхона барои таъмини он бо қисме аз ашёи хом ду корхонаи коркарди сангу шағал ва шустани маводи зарурӣ аз ҷониби Вазорати нақлиёти кишвар сохта, ба кор дароварда шудааст. Битум, ки яке аз ашёи асосии хом барои истеҳсоли асфалт мебошад, асосан аз кони нафт ва корхонаи нафтии ноҳияи Қумсангир дастрас карда мешавад.

Ин корхона барои таъмини тамоми муасисаҳои давлатии роҳсозӣ ва нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон пешбинӣ шудааст. Дар корхонаи мазкур 35 нафар сокинони ноҳия соҳиби кори доимӣ ва музди баланд шудаанд.

Аз ҷониби мутахассисони Япония бо сармоягузории Агентии ҳамкории байналмилалии ин давлат чунин як корхонаи дигар дар шаҳри Ваҳдат низ сохта шудааст ва ин дуюмин корхонаи японии асфалт дар Тоҷикистон аст. Ҳарду корхона бо харҷи беш аз 66 миллион сомонӣ бунёд ёфта, бо 118 адад техникаю механизми махсус таъмин карда шудааст.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...