Иштироки Э.Раҳмон дар маросими ифтитоҳи шифохонаи нави ҳарбӣ дар Бохтар

Дар доираи сафари кории сарвари давлат ба вилояти Хатлон Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Хуросон ба ноҳияи Бохтар омада, нахуст ба қисми ҳарбии 07017-и Вазорати мудофиа ташриф овард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни боздид аз толорҳои варзишӣ ва обутоби бадани қисми ҳарбӣ бори дигар собит гардид, ки дар ин қисми ҳарбӣ ҷавонони солиму […]



Дар доираи сафари кории сарвари давлат ба вилояти Хатлон Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Хуросон ба ноҳияи Бохтар омада, нахуст ба қисми ҳарбии 07017-и Вазорати мудофиа ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни боздид аз толорҳои варзишӣ ва обутоби бадани қисми ҳарбӣ бори дигар собит гардид, ки дар ин қисми ҳарбӣ ҷавонони солиму бардам, ғаюру ватандӯст ва ҷонфидои Ватан адои хизмат мекунанд.

Дар ҷараёни шиносоӣ бо рафти омодагии қисми низомӣ ба зимистон ва захирасозии озуқаворӣ, аз ҷумла аён гардид, ки ин қисми ҳарбӣ дорои хоҷагии хуби ёрирасон буда, дар он ҳам чорвои хурду калон ва ҳам зироатҳои гуногун барои таъмини мустақилона бо маводи ғизоӣ парвариш меёбад.

Ошхонаи қисми ҳарбӣ хеле зебою муҷаҳҳаз буда, иборат аз 4 толор бо 460 ҷойи нишаст мебошад. Толори фарҳангии қисми ҳарбӣ имкон медиҳад, ки дар он тамоми намуди чорабиниҳои фарҳангию дилхушӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шаванд.

Дар ҳудуди ҳамин қисми низомӣ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шифохонаи нави ҳарбии умумисоҳавии гарнизони Хатлон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки номи шифохонаи дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустонро дорад.

Тавре иттилоъ доданд, ин шифохона бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар муддати кӯтоҳ сохта ва бо таҷҳизоти муосири муоинаю муолиҷа муҷаҳҳаз карда шудааст. Шифохона дорои 50 кати хоб мебошад.

Дар ин шифохона муддати 2 сол 73 нафар мутахассисони баландпояи Ҳиндустон кор карда, ҳамзамон ҳамкасбони тоҷики худро барои кор бо таҷҳизоти навтарини дар ин ҷо насбгардида меомӯзонанд.

Чунонки иттилоъ доданд, тамоми таҷҳизот сохти Ҳиндустон буда, ба стандартҳои пешқадами ҷаҳонӣ мутобиқанд. Бинои шифохона сеошёна буда, дорои шуъбаҳои ҷарроҳӣ, дандонпизишкӣ, гинекологӣ, дорусозӣ ва ғайра мебошад. Барои нигоҳдории доруворӣ ва омодасозии баъзе доруҳо бинои алоҳида сохта шудааст, ки дар ошёнаи дуюми он хобгоҳ барои кормандони тибб ҷой гирифтааст.

Бинои алоҳидаи ошхона барои кормандони тибб ва беморони шифохона дорои 50 ҷойи нишаст аст. Шифохона ҳамчунин дорои ду мошини ёрии таъҷилии тиббӣ ва ду мошини муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти сайёри ҷарроҳӣ мебошад. Ба масъулини ҷониби Тоҷикистон дастур дода шуд, ки дар ин шифохона натанҳо ба низомиён, балки ба мардуми ниёзманди деҳоти атрофи ин мавзеъ низ хизмати тиббӣ расонда шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.