Зимни сафари навбатии президенти мамлакат ба ВМКБ ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» ҳусни оғоз бахшида мешавад.
Бино ба иттилои нашрияи «Импульс» бо истинод ба шабакаи телевизиони «Бадахшон», чанд рӯз қабл раиси вилоят Шодихон Ҷамшед аз макони барои сохтмони нерӯгоҳ пешбинишуда боздид намудааст.
Нерӯгоҳи барқии нав бо иқтидори лоиҳавии 12 МВт дар ҷамоати Мирсаид Миршакар, дар мавзеи Себзор, воқеъ дар 15 километрии шаҳри Хоруғ сохта мешавад.
Раиси вилоят изҳор намудааст, ки зимни анҷоми корҳои омодагӣ дар ин иншоот 100 нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин карда шуда, бо оғози корҳои асосии сохтмон шумори онҳо то 200 нафар мерасад.
Қобили зикр аст, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳи оби барқии «Себзор» ба таъмини сохтмони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо нерӯи барқ ва ҳамчнуин таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ имкон фароҳам оварда мешавад.
Ҳамин моҳ сфаари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ дар назар буда, ӯ аз ноҳияҳои Ванҷ, дараи Бартанг ва шаҳри Хоруғ боздид хоҳад кард.








