Раисони шаҳрҳои Душанбеву Маскав вазъи муҳоҷиронро баррасӣ карданд



Дар ҳошияи сафар ба Русия раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев шоми рӯзи чоршанбе бо раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин мулоқот кард, ки дар он муовини нахуствазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон, сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ва дигар шахсони расмии ҷумҳурӣ ҳузур доштанд.

Тавре котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дар вохӯрӣ масъалҳои марбут ба будубоши муҳоҷирони кории тоҷик дар пойтахти Русия, ҳамкориҳои мутақобилаи шаҳрҳои Душанбеву Маскав дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва сохтмону коммуникатсия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҳамчунин ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи Созишномаи амалкунанда миёни Душанбеву Маскав дар бораи ҳамкорӣ, санади нав оид ба ҳамкории пойтахтҳои Тоҷикистону Русия барои солҳои 2015-2018-ро омода мекунанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ҳукумати Русия, бо дархости шарикони тоҷик мақомоти дахлдори шаҳри Маскав дар таъмини макотиби шаҳри Душанбе бо китобҳои дарсии забони русӣ ва таҷҳизот барои он, кумак ба дармонгоҳҳои Душанбе дар харидории таҷҳизоти тиббӣ мусоидат менамояд.

Ба иттилои манбаъ, Сергей Собянин ва Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамчунин дар бораи таъмини бозори Маскав бо сабзавоту меваи тару тоза ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон низ тавофуқ ҳосил кардаанд.

Бино ба маълумоти Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар шаҳри Маскав, дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ беш аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон худро ба қайди муҳоҷират гузошта, зиёда аз 100 ҳазор нафарашон патенти ҳуқуқи амалисозии фаъолияти корӣ ва ҳудуди 30 ҳазор нафар иҷозатнома барои корро ба расмият даровардаанд.

spot_imgspot_img

Популярное