Марзбонони турк тоҷикистонии раҳсипор ба Сурияро боздошт намуданд

Дар Туркия 12 нафар хориҷиён, аз ҷумла шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуданд, ки нияти сафар ба Сурияро доштанд. Бино ба иттилои бахши хабаргузории ТАСС дар Анқара, миёни боздоштшудагон 7 нафарашон шаҳрвандони Русия, 2 тан шаҳрвандонии Ҷумҳурии Косово, 1-нафарӣ шаҳрвандони Тоҷикистону Швейтсария ва Сурия мебошанд. Ба навиштаи хабаргузорӣ, дар изҳороти губернатории музофоти Газиантеп дар ин робита зикр […]

Мавзуна Абдуллоева



Дар Туркия 12 нафар хориҷиён, аз ҷумла


шаҳрванди


Тоҷикистон боздошт шуданд, ки нияти сафар ба Сурияро доштанд.

Бино ба иттилои бахши хабаргузории ТАСС дар Анқара, миёни боздоштшудагон 7 нафарашон шаҳрвандони Русия, 2 тан шаҳрвандонии Ҷумҳурии Косово, 1-нафарӣ шаҳрвандони Тоҷикистону Швейтсария ва Сурия мебошанд.

Ба навиштаи хабаргузорӣ, дар изҳороти губернатории музофоти Газиантеп дар ин робита зикр мегардад, ки ин афрод кӯшиш доштаанд, ки «тариқи қаламрави Туркия ғайриқонунӣ ба манотиқи низоъҳои Сурия ворид шаванд» ва ба нияти пазируфтан узвияти «Давлати исломӣ» гумонбар дониста мешаванд.

«Барои анҷоми расмиёт дар чаҳорчӯби қонун дар бораи хориҷиён, ҳимояи байнулмилалӣ ва истирдоди минбаъда, онҳо ба ихтиёри шуъбаи кор бо шаҳрвнадони хориҷии Раёсати амният супурда шуданд», – омадааст дар иттилои хабаргузорӣ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.