Раиси Суғд ва роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ роҳбари намояндагии доимии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Лучия Элмиро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матуботи раиси вилояти Суғд, лар оғози мулоқот Абдураҳмон Қодирӣ Лучия Элмиро ба вилояти Суғд хайрамақдам намуда, таъкид дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо Хазинаи кӯдакони Созмони […]



Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ роҳбари намояндагии доимии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Лучия Элмиро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матуботи раиси вилояти Суғд, лар оғози мулоқот Абдураҳмон Қодирӣ Лучия Элмиро ба вилояти Суғд хайрамақдам намуда, таъкид дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ҳамкории мутақобила ва судмандро ба роҳ мондааст ва саҳми ин ташкилотро дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кқдак ба хубӣ эҳсос кардан мумкин аст.

Раиси вилоят зикр дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо Хазинаи кӯдакони Созмони миллали Муттаҳид нигоҳ ва ҳадафҳои ягона дошта, барнома ва лоиҳаҳои амалишаванда ба беҳтар намудани соҳаҳои иҷтимоии вилоят равона карда шудааст.

Дар идомаи сухан Раиси вилоят зикр дошт, ки дар назди тамоми муассисаҳои соҳаи маориф маҳфилҳои гуногуни ҳунаромузӣ, аз қабили дӯзандагӣ, ошпазӣ, адрасу атласбофӣ, қолинбофӣ ва ғайра таъсис дода шуда, духтарон дар ин машғулиятҳо соҳибкасб мегарданд. Дар вилоят ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва меҳнати хонагӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардида, то ин дам аллакай дар қаламрави вилоят шумораи зиёди марказҳои ҳунаромӯзиву касбомӯзӣ таъсис дода шудааст. Ба ин тариқ дар ин марказҳо беш аз 8 ҳазор нафар занону духтарон соҳибкасб гардиданд. Аз ҷумла бо иқдоми роҳбарияти вилоят соли равон дар тамоми ҷамоатҳои вилоят марказҳои ҳунаромӯзӣ таъсис дода шуда, ба ин васила доираи омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ боз ҳам фарохтар мешавад.

Лучия Элмӣ аз иқдоми роҳбарияти вилоят оиди эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси марказҳои гуногуни касбомӯзӣ изҳори хушҳолӣ намуда, зикр дошт, ки ин раванд бевосита ба коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ, аз байн бурдани хушунат мусоидат хоҳад кард.

Бояд қайд намуд, ки  Хазинаи кӯдакони Созмони милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таи 20 сол фаъолият бурда, бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру навоҳии он ҳамкории зичро ба роҳ мондааст. Дар ин давра як қатор барномаҳо роҳандозӣ гардида, баҳри рушди имкониятҳо барои кӯдакон саҳм гузоштааст. Соли равон барномаи навбатии ин созмон, ки аз соли 2010 ба инҷониб фаъолият мебурд ба итмом расида, айни замон тарҳрезии барномаи минбаъда ҷараён дорад.

Дар мулоқот Лучия Элмӣ изҳор дошт, ки оянда ба Донишкадаи такмили ихтисос дастгоҳҳои лозимаро дастрас хохад кард.

Раиси вилоят қайд намуд, ки бо максади дастгирии омӯзгорон соли равон ҷоизаи Раиси вилоят таъсис дода шуда, ҳамзамон барои кормандони соҳаи маориф осоишгоҳ ташкил мешавад, ки дар онҷо устодон дар як вақт метавонанд донишу малаки худро сайқал диҳанд ва ҳам ба истироҳату табобат фаро гирифта шаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.