Дастури президент доир ба андешидани чораҳои зиддибӯҳронӣ

Нимаи дуюми рӯзи 27 август таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, лоиҳаи як зумра қонунҳо доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла ба қонунҳо “Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ”, “Дар […]

ASIA-Plus



Нимаи дуюми рӯзи 27 август таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, лоиҳаи як зумра қонунҳо доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла ба қонунҳо “Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ”, “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ”, “Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия”, маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин чанд хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи қонунҳо, ки маъқул дониста шуданд, аз ҷумла ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, пешниҳод карда шуд.

Лоиҳаи Созишнома оид ба идома додани кори Маркази байналмилалии илмию техникӣ ва Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгтсай Моҳир семент” оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсолии семент, гачкартон ва халта дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон тасдиқ карда шуд.

Нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020, Тартиби пешбурди феҳристи ягонаи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тартиби пешбурди феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти адвокатиро амалӣ менамоянд ва Тартиби пешбурди феҳристи ягонаи ташкилоти адвокатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тартиби ташкил ва пешбурди Феҳристи ҷумҳуриявии аудиторҳои экологӣ ва ташкилоти аудитории экологӣ тасдиқ карда шуд.

Нақшаи генералии маркази ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон тасдиқ гардид.

Дар фароварди маҷлис ба масъулин доир ба андешидани чораҳои зиддибӯҳронӣ ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти ватании воридотивазкунанда, сарфаи сариштакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва омодагии ҷиддӣ ба оғози соли нави таҳсил ва истиқболи шоиста аз ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.