Эмомалӣ Раҳмон ба тақвияти назорати истифодаи воситаҳои буҷетӣ дастур дод

Зимни ироаи паёми худ ба парлумон имрӯз, 20 январ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки қисмати даромади буҷети ҷумҳурӣ то ҳол ба омилҳои беруна ва андозҳои бавосита вобастагии зиёд дорад. Президент таъкид дошт, ки ҳаҷми умумии буҷети давлатии ҷумҳурӣ дар соли 2016 ба миқдори 18,3 млрд. сомонӣ муқаррар шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли […]



Зимни ироаи паёми худ ба парлумон имрӯз, 20 январ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки қисмати даромади буҷети ҷумҳурӣ то ҳол ба омилҳои беруна ва андозҳои бавосита вобастагии зиёд дорад.

Президент таъкид дошт, ки ҳаҷми умумии буҷети давлатии ҷумҳурӣ дар соли 2016 ба миқдори 18,3 млрд. сомонӣ муқаррар шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта 3 млрд. сомонӣ ё худ ба андозаи 20% зиёдтар аст.

Сарвари давлат ба раҳбарияти сохторҳои дахлдор муроҷиат намуда, қайд кард, ки барои иҷрои нишондиҳандаҳои буҷет дар соли равон «баҳонаву сабаб наҷуста, кор кардан лозим аст».

Дар шароити ҳозира, ба андешаи президент, қисмати даромади буҷетро аз ҳисоби тавсеъаи фаъолияти соҳибкорӣ, ҷалби сармяоугзорӣ ва ҳамчунин дигар сарчашмаҳо таъмин кардан лозим аст.

Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молия дастур дод, ки оид ба истифодаи пурсамари қисмати даромади буҷет тадбирҳои муассир андешида шавад.

Ба Палатаи ҳисоб ва Агентии зиддифасод сарвари давлат дастур дод, ки ҳамроҳ бо Вазорати молия ба корҳои назорат аз болои истифодаи воситаҳои буҷет тақвият бахшанд. Ҳамчунин оид ба пурзӯр кардани назорати фаъолияти корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, ки дар онҳо ҳиссаи давлат вуҷуд дорад, низ дастур дода шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.