Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон аз нақшаи пешбинишудаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ дар соли 2015 дар ҳаҷми 4,1 млрд. сомонӣ каме бештар аз 3,6 млрд. сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ намуд, ки 11,8% камтар ё худ 88,2% аз ҳаҷми пешбинишудаи нақшаро ташкил медиҳад.
Аз нақша камтар ҷамъоварӣ шудани маблағи пардохтҳои гумрукиро сардори Хадамоти гумрук Абдфаттоҳ Ғоиб дар навбати аввал ба коҳиши ҳаҷми воридот марбут медонад. Ӯ таъкид дошт, ки дар муқоиса бо соли 2014 шумори поездҳои боркаш ва автомашинаҳои воридшуда ба ҷумҳурӣ қариб ба миқдори 23 ҳазор адад камтар шудааст.
Тағйирёбии арзиши мол дар бозорҳои ҷаҳонӣ зери таъсири буҳрони ҷаҳонии иқтисодиву молӣ ва ноустувории қурби арзи миллӣ ва ғайраро низ сардори Хадамот аз сабабҳои дигари ин ҳолат медонад.
Дар робита ба идомаи буҳрон, А.Ғойиб «дар соли 2016 ҳеҷ беҳбудиеро интизорӣ надорад». «Ҳамаамон ба таъсири буҳрони ҷаҳонӣ шоҳидем. Оянда боз ҳам бадтар шуда метавонад», – афзуд номбурда.



