Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар мубориза бо «се нерӯи бадӣ»

Рӯзи 25 январ дар шаҳри Пекин вохӯрии узви Шӯрои давлатӣ, вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Шэнкун бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саидмумин Ятимов доир гардид. Хабаргузории чинии Синхуа дар ин робита менависад, зимни мулоқот Го Шэнкун изҳори умедворӣ кардааст, ки мутобиқи самтҳои муайянкардаи роҳбарони ҳарду кишвар ҷонибҳо ба таҳкими ҳамкориҳо дар […]



Рӯзи 25 январ дар шаҳри Пекин вохӯрии узви Шӯрои давлатӣ, вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Шэнкун бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саидмумин Ятимов доир гардид.

Хабаргузории чинии Синхуа дар ин робита менависад, зимни мулоқот Го Шэнкун изҳори умедворӣ кардааст, ки мутобиқи самтҳои муайянкардаи роҳбарони ҳарду кишвар ҷонибҳо ба таҳкими ҳамкориҳо дар мубориза бо «се нерӯи бадӣ» (терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ), назорати марзҳо ва омодасозии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома медиҳанд.

Го Шэнкун ҳамчунин аз ҷонибҳо даъват кардааст, ки ба таҳдиду чолишҳои гуногун пурсамар аксуламал нишон дода, амнияту суботи ҳарду кишвар ва минтақаро ҳифз намоянд.

Саидмуъмин Ятимов барои кумаки беғаразонаи Чин муддати солҳои тӯлонӣ миннатдорӣ изҳор намуда, зикр кардааст, ки Тоҷикистон пайваста ба густариши ҳамкориҳо дар роҳи мубориза бо «се нерӯи бадӣ» ва дигар самтҳои таъмини ҳуқуқу ҳифзи амният ва ҳамчунин посухи муштарак ба таҳдидҳоу чолишҳои гуногун омода аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.