БМТ: Тӯли 6 сол сомонӣ нисбати доллар 52% беқурб шуд

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), тӯли 6 соли ахир қурби арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ нисбати доллари ИМА ба андозаи 52% поин рафтааст. «Қурби сомонӣ нисбат ба доллари ИМА тайи 6 сол, давраи солҳои 2010-2015 ҳамагӣ 52% (дар ифодаи миёнаи солона 8,7%) коҳиш ёфт. Барои муқоиса муддати 6 сол дар давраи […]



Бино ба

маълумоти

хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), тӯли 6 соли ахир қурби арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ нисбати доллари ИМА ба андозаи 52% поин рафтааст.

«Қурби сомонӣ нисбат ба доллари ИМА тайи 6 сол, давраи солҳои 2010-2015 ҳамагӣ 52% (дар ифодаи миёнаи солона 8,7%) коҳиш ёфт. Барои муқоиса муддати 6 сол дар давраи солҳои 1995-2000 рубли тоҷикӣ (воҳиди пулӣ, ки дар ин давра дар муомилоти Тоҷикистон қарор дошт, – CA-News) ба андозаи 757,4% (дар ифодаи миёнаи солона 126,2%) беқурб шудааст.

Ба иттилои манбаъ, соли 2015 қурби воқеъии самараноки сомонӣ нисбати доллари ИМА 86,7%-ро ташкил дод, ки ба пурра баҳодиҳӣ нашудани он дар ҳаҷми13,3% ишора мекунад.

«Дар баробари бозори чакана, бозори яклухти хариду фурӯши асъори хориҷии ғайринақдӣ дар шакли қисмати байнибонкӣ ва дохилибонкии бозори асъори дохилӣ мавҷуд аст, ки ҳаҷми асосии савдо дар он сурат мегирад. Ҳамин тариқ, соли 2015 ба ҳиссаи қисмати (сегменти) дохилибонкии хариду фурӯши доллари ИМА 74,8% аз ҳаҷми умумии савдо ва ҳамагӣ 16,9% ба ҳиссаи бозори нақдӣ рост меояд», – шарҳ додаанд дар хадамоти матбуоти Бонки миллӣ.

Таъкид мешавад, ки яке аз омилҳои устувории нархҳои дохилӣ дар соли 2015 маҳз фаъолияти устувор ва тағйирёбии муътадили қурби сомонӣ дар ин ду қисмати бозори ғайринақдӣ аст.

«Бонки миллии Тоҷикистон тамоми восита ва имконотеро, ки дар ихтиёр дошт, баҳри пардохтпазирии онҳо равона кард. Яке аз ҳадафҳои аслии БМТ дар самти бозсозии бозори асъори нақдӣ ва муттаҳид кардани нуқтаҳои мубодилаи асъор дар сохторҳои ташкилотҳои қарзӣ, маҳз омӯзиши соҳибкорони инфиродӣ (савдогарон) ба кор бо ташкилотҳои қарзӣ тавассути кушодани суратҳисобҳои бонкӣ ва табдили маблағи савдои онҳо бо сомонӣ ба долларҳои амрикоии ғайринақдӣ мебошад. БМТ минбаъд низ мунтазам ва бидуни эҳсосоти барзиёд чунин сиёсати асъорӣ ва қурбӣ оид ба бозсозии бозори нақдӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи қисматҳои ғайринақдии бозори хариду фурӯши асъори хориҷиро роҳандозӣ мекунад», – гуфта мешавад дар маълумоти БМТ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.