Боздиди сафири Чин аз парлумони Тоҷикистон

Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров имрӯз, 28 январ сафири Чин дар Тоҷикистон Юе Бинро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумон, зимни мулоқот ҷонибҳо ба масоили густариши робитаҳои байнипарлумонӣ миёни кишварҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Зимни мулоқот зикр гардид, ки бо ташаббусу мусоидати сарони кишварҳои Тоҷикистону Чин ҳамкориҳои дуҷониба […]



Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров имрӯз, 28 январ сафири Чин дар Тоҷикистон Юе Бинро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои

сомонаи расмии

палатаи поёнии парлумон, зимни мулоқот ҷонибҳо ба масоили густариши робитаҳои байнипарлумонӣ миёни кишварҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Зимни мулоқот зикр гардид, ки бо ташаббусу мусоидати сарони кишварҳои Тоҷикистону Чин ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сармоягузорӣ, коммуникатсия, энергетика, амният ва нақлиёт пурсамар роҳандозӣ шудаанд.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи ҷараёни амалисозии созишномаҳои ҳамкории қаблан баимзорасида дар соҳаҳои иқтисоду молия, савдо, илму фарҳанг, амният, сармоягузорӣ ва коммуникатсияву нақлиёт табодули назар намуданд.

Сафири Чин низ аз сатҳи ҳамкориҳои кишвараш бои Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон иброз дошт, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин дорои зарфиятҳои бештари барқарории равобит бо оҷикистон мебошад ва ин кишвар ҳар замон омода аст, ки аз ин зарфиятҳо барои миллату мардуми Тоҷикистони дӯсту ҳамҷавор истифода намояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.