Парлумон тағйироти марбут ба муомилоти ғайриқонунии асъорро баррасӣ мекунад

Аваз Юлдошев



Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои палатаи поёнии парлумон таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаҳои тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Дар тағйироти зикршуда сангинтар шудани ҷавобгарии шахсони воқеъиву ҳуқуқӣ барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ, аз ҷумла зиёд шудани ҷаримаву муҳлати таъқиб ва мусодираи асъори дар гардиши ғайриқонунӣ қарордошта пешбинӣ шудааст.

Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин тағйироту иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигаҳдории гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва судшавандагон» ва «Дар бораи шартномаҳои байнулмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ баррасӣ мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.