«Регар-ТадАЗ» ва «Хуҷанд» дар финали Ҷоми ФФТ

Санаи 9 март ду бозии нимниҳоӣ барои Ҷоми ФФТ ба анҷом расида, дастаҳои бозии финалии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) муайян шуданд. Бино ба иттилои АМИТ ФФФТ, дар вохӯрии якум дастаи “Регар ТадАЗ”бо КМВА “Помир” мусобиқа ороста, вақти асосӣ ва ним соати вақти иловагӣ мусовӣ 0 бар 0 анҷом ёфт. Дар силсилаи зарбахои 11-метра футболбозони […]



Санаи 9 март ду бозии нимниҳоӣ барои Ҷоми ФФТ ба анҷом расида, дастаҳои бозии финалии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) муайян шуданд.

Бино ба иттилои АМИТ ФФФТ, дар вохӯрии якум дастаи “Регар ТадАЗ”бо КМВА “Помир” мусобиқа ороста, вақти асосӣ ва ним соати вақти иловагӣ мусовӣ 0 бар 0 анҷом ёфт. Дар силсилаи зарбахои 11-метра футболбозони шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 5 бар 4 пирӯз шуданд.

Дар бозии дуюми рӯз дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар вохӯрӣ бо тими «Вахш»-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 4 бар 2 дастболо шуда, ба бозии финалӣ роҳ ёфт.

Бозии финалӣ барои дарёфти Ҷоми ФФТ-2016 миёни дастаҳои «Регар-ТадАз» ва «Хуҷанд» рӯзи 11-уми март (соати 18-00) дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мегардад. Ҳамин рӯз соати 15-00 КМВА “Помир” бо “Вахш”барои ҷои сеюм рақобат мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.