Тоҷикистон барои сайёҳони рус ҷолиб нест

Ширкатҳои сайёҳӣ ва низоми тарҳрезии мустақилонаи сайру саёҳат ҳадди ақал 50% афзоиши талабот ба саёҳат  дар марҳилаи фармоиши пешакӣ дар мавсими тобистон ба Гурҷистон, Арманистон ва Озарбойҷонро ба қайд гирифтаанд. Нашрияи «Коммерсантъ» дар ин робита менависад, иштирокчиёни ин бозор Абхозистонро яке аз самтҳои писандидаи саёҳат дар мавсими оянда номбар кардаанд, ки талабот ба он ба […]



Ширкатҳои сайёҳӣ ва низоми тарҳрезии мустақилонаи сайру саёҳат ҳадди ақал 50% афзоиши талабот ба саёҳат  дар марҳилаи фармоиши пешакӣ дар мавсими тобистон ба Гурҷистон, Арманистон ва Озарбойҷонро ба қайд гирифтаанд.

Нашрияи

«Коммерсантъ»

дар ин робита менависад, иштирокчиёни ин бозор Абхозистонро яке аз самтҳои писандидаи саёҳат дар мавсими оянда номбар кардаанд, ки талабот ба он ба мисли кишвари Краснодар будааст. Тобистони имсол то 1,5 млн. нафар русиягиҳо нияти сайру саёҳат ба Абхозистонро доштаанд, ки дар қиёс бо соли гузашта 20% бештар аст.

Тибқи маълумоти ширкати «Делфин», имсол 200-300 ҳазор нафар русиягиҳо аз Гурҷистон, 100-200 ҳазор нафар – аз Қазоқистон, 100 ҳазор кас – аз Қирғизистон, 50 ҳазор нафар – аз Ӯзбекистон ва ҳудуди 30 ҳазор нафар русиягиҳо – аз Тоҷикистон боздид мекардаанд.

Иштирокчиёни ин бозор қайд кардаанд, ки талабот ба сайру саёҳат ба кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ натанҳо миёни мизоҷон аз Маскав, балки аз дигар шаҳрҳои бузурги Русия низ афзудааст.

«Туркия дастнорас аст, одамон ба ивази он ҷой кофта, ҳамзамон соли гузаштаро низ дар хотир доранд, ки дар натиҷаи афзоиши мавсимиии талабот ба осоишгоҳҳои баҳрии Русия, нархи дертар фармоиш додани саёҳат низ боло рафта буд», – шарҳ додааст вазъро ба нашрия мудири ширкати «Связной Трэвел» Алексей Дорош.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.