Ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Ҳиндустон дар Душанбе

Имрӯз ҳамоиши дурӯзаи тиҷоратии Тоҷикистону Ҳиндустон дар меҳмонхонаи «Шератон» ба итмом мерасад. Ҳамоиши мазкур бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) дар ҳамдастӣ бо Конфедератсияи саноатчиёни Ҳиндустон (CII) доир гардида, дар кори он беш аз 60 нафар соҳибкорони ҳарду кишвар иштирок доранд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ПСС Тоҷикистон, дар доираи ин чорабинӣ […]



Имрӯз ҳамоиши дурӯзаи тиҷоратии Тоҷикистону Ҳиндустон дар меҳмонхонаи «Шератон» ба итмом мерасад. Ҳамоиши мазкур бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) дар ҳамдастӣ бо Конфедератсияи саноатчиёни Ҳиндустон (CII) доир гардида, дар кори он беш аз 60 нафар соҳибкорони ҳарду кишвар иштирок доранд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ПСС Тоҷикистон, дар доираи ин чорабинӣ миёни дастандаркорони он ёддошти тафоҳум ба имзо расида, раиси ПСС ҶТ Шариф Саид ва роҳбари ҳайти CII Киран Васант Калбаг зери ин санад имзо гузоштанд.

Қайд мешавад, ки дар ин ҳамоиш доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Ҳиндустон фаъолияти ширкатҳои худро муаррифӣ ва байни ҳамдигар гуфтушунидҳо гузаронида, ба муколамаи кушод оид ба самтҳои ҳамкорӣ имкон пайдо карданд.

Ба иттилои манбаъ, доираҳои тиҷоратии Ҳиндустон ба маълумот доир ба заминаи қонунгузории Тоҷикистон, реҷаи раводид, имтиёзҳо дар самти дастгирии сармоягузорони хориҷӣ ва бахши хусусӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои сохтмони марказҳои барқу гармидиҳӣ ва нерӯгоҳҳои барқи обӣ, масоили рушди комплекси агросаноатии ҷумҳурӣ, зербинои нақлиёт, таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок, дорусозӣ ва IT-технология таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд.

Гуфта мешавад, бо назардошти имконоти мавҷуда, соҳибкорони тоҷик доир ба роҳандозии робитаҳои дуҷониба ва имзои ёддоштҳову созишномаҳои ҳамкорӣ пешниҳодҳои мушаххас ироа дошта, баррасии масъалаҳо дар ин самт идома дорад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҷараёни сафар ба Тоҷикистон намояндагони доираҳои тиҷоратии Ҳиндустон аз корхонаву ташкилотҳо, вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ ва ҳамчунин минтақаҳои озоди ҷумҳурӣ боздид намуда, дидору гуфтушунидҳои дахлдор анҷом медиҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.