Интиқоди ИМА аз поймолкунии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон



Дар гузориши солонаи Вазорати корҳои хориҷии ИМА оид ба вазъи ҳуқуқи башар ва озодиҳои сиёсӣ дар кишварҳои дунё ба мутамарказ шудани ваколатҳо дар дасти ҳукумати иҷроия дар Тоҷикистон, ки «як кишвари худкома» номида мешавад, таваҷҷуҳ зоҳир шудааст.

Бино ба маълумоти

Радиои Озодӣ

, муаалифони гузориш ба он таваҷчуҳ зоҳир кардаанд, ки Қонуни асосии Тоҷикистон низоми сиёсии чандҳизбиро иҷозат медиҳад, вале давлати Тоҷикистон таърихан гуногунандешии сиёсиро поймол мекунад ва ин корро дар як соли гузашта ҳам идома додааст.

Дар ин  робита аз ҷумла аз таҳти назорати шадиди мақомоти амниятӣ қарор гирифтани ниҳодҳои ҷомиаи шаҳрвандӣ ва ҳам аз интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2015 ёдоварӣ шудааст, ки бино ба хулосаи нозирони байналмилалӣ, бо камбуди гуногунандешӣ ва имкони интихоби воқеӣ баргузор шуд.

Дар гузориш ҳамин нотавонии шаҳрвандон ба тағйири ҳукумат аз тариқи интихоботҳои озоду одилона ва ҳамчунин шиканҷаву бадрафторӣ нисбат ба боздоштшудагон ва афроди дигар аз сӯи мақомоти амниятӣ, таъқиби фаъолони сиёсӣ ва гурӯҳҳои мухолифин аз мушкилоти аз ҳама доғи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон унвон шудааст.

Аз мушкилоти дигари ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, бино ба ин манбаъ, яке маҳдудиятҳо дар роҳи озодии баён, озодии матбуот ва нашри озодонаи маълумот, бо шумули масдуд шудани чандин сомонаи хабариву шабакаҳои иҷтимоӣ, дигаре – шароити бади озодиҳои мазҳабӣ ва якеи дигар хушунат ва табъиз алайҳи занон баршумурда шудаанд.

Департаменти давлатии ИМА ҳамчунин шиканҷа дар артиш, ҳабсҳои худсарона, рад шудани ҳаққи шаҳрвандон ба муҳокимаи одилона, шароити сахту барои ҳаёт хатарнок дар зиндонҳои Тоҷикистон, манъи дастрасии нозирони байналмилалӣ ба маҳбасҳо, маҳдуд кардани ҳуқуқи коргарон ва қочоқи инсон, бо шумули қочоқи нирӯи корӣ ва қочоқи занон барои танфурӯширо аз дигар мушкилоти ҳуқуқи инсон дар ин кишвари пасошӯравии Осиёи Марказӣ ном мебарад.

spot_imgspot_img

Популярное