Семоҳаи аввали соли равон сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 2,1%-ро ташкил дод.
Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), моҳи марти соли ҷорӣ мизони таваррум ба 0,2% баробар шудааст.
Гуфта мешавад, афзоиши мизони таваррум бинобар сабаби болоравии нархҳо ба молу маҳсулоти ғизойӣ ва ғайриғизойӣ ва ҳамчунин хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ сурат гирифтааст.
Тибқи маълумоти Бонки миллӣ, сатҳи таварруми солона (аз моҳи марти соли 2015 то моҳи марти соли 2016) 5,6%-ро ташкил додааст.
Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли 2016-ро дар мизони 7,5% нигоҳ дорад. Аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 5,1%-ро ташкил дода буд.
Мебояд гуфт, сатҳи таварруми соли 2013 дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад. То ин замон сатҳи нисбатан пасти таваррум соли 2012 ба қайд гирифта шудааст, ки 6,4%-ро ташкил дода буд.



