Талаботи нав ба воридоти маҳсулоти ғизойӣ ба Тоҷикистон

Агентии «Тоҷикстандарт» тасмим гирифтааст, ки воридоти маҳсулотеро, ки дар онҳо бо забони тоҷикӣ маълумот мавҷуд нест, манъ намояд. Ба таври истисно воридоти маҳсулоти дорои маълумот бо забони русӣ иҷозат дода мешавад. Сардори маркази матбуоти агентии «Тоҷикстандарт» Мурод Ашӯров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бино ба навиштаҳо ВАО, гӯё воридоти маҳсулоти эронӣ ба […]



Агентии «Тоҷикстандарт» тасмим гирифтааст, ки воридоти маҳсулотеро, ки дар онҳо бо забони тоҷикӣ маълумот мавҷуд нест, манъ намояд. Ба таври истисно воридоти маҳсулоти дорои маълумот бо забони русӣ иҷозат дода мешавад.

Сардори маркази матбуоти агентии «Тоҷикстандарт» Мурод Ашӯров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бино ба навиштаҳо ВАО, гӯё воридоти маҳсулоти эронӣ ба Тоҷикистон манъ шудааст, ки ин воқеъият надошта, тасмим агентӣ натанҳо ба маҳсулоти эронӣ, балки ба молу маҳсулоти воридотии дигар кишварҳое, ки дар борҷомаашон бо забони русӣ ё тоҷикӣ маълумот надоранд, низ дахл дорад.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз сабабҳои манъи воридоти маҳсулоти эронӣ дар борҷомаҳои онҳо бо тақвими мусалмонӣ дарҷ ёфтани санаи истеҳсол ва муҳлати нигаҳдории маҳсулот аст. «Аз солшумориву тақвими ҳиҷрӣ аксари шаҳрвандони мо огаҳ нестанд. Ҳамчунин ошкор карда шуд, ки номи баъзе маҳсулот комилан ба таркиби он мувофиқ нест», – қайд кард Ашӯров.

Бино ба қавли номбурда, дар ҳама гуна маҳсулоти воридотӣ аз Чин, Афғонистон, Покистон, Эрон ва дигар кишварҳои хориҷӣ бояд санаи истеҳсол ва дигар тамғаҳо бо ҳуруфи кирилликӣ дарҷ ёфта бошанд, на бо алифбои форсӣ, ки аксари аҳолии мо аз он огаҳӣ надоранду бархе аз соҳибкорони беинсоф аз он истифода мекунанд.

«Зимни санҷиш қонуншиканиҳои марбут ба санаи рехтани маҳсулот ба борҷома, дар маҳсулот вуҷуд доштани омехтаҳои «бегона», ғайр аз ин, як қатор мавридҳои риоя нашудани меъёрҳои ватаниву байнулмилалии мувофиқат ба стандарт ошкор гардид, 6 нафарро мо ҷарима кардем», – афзуд Мурод Ашӯров.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.