Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба силсилаи заминларзаҳои шадид дар Япония, ки ба талафоти ҷониву зиёни зиёди молӣ боис гардиданд, ба сарвазир ин кишвар Синдзё Абэ барқияи тасаллият ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки «хабари ҳузнангези силсилаи заминларзаҳои шадидро дар кишвари Шумо, ки боиси ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди одамон шуда, харобиҳои зиёдеро ба бор овардаанд, бо андӯҳи бузург дарёфтам».
«Дар ин лаҳзаҳои сангин барои мардуми дӯсти Япония ҳамдардии амиқи инҷонибро ба пайвандон ва наздикони қурбониёни ин офати табиии фоҷеабор ирсол дошта, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам», – омадааст дар барқия.
Ёдрас мекунем, ки бар асари силсилаи заминларзахо дар қисмати ҷанубу шарқи Япония на камтар аз 40 нафар ҳалок ва беш аз 2 ҳазор нафар сокинони ин кишвар осеб дида, зиёда аз 200 манзили зист хароб ё осеб диданд. Дар натиҷаи фаромадани ярч роҳу пулҳо низ хисорот бардоштанд.



