Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Туркия дар Душанбе



Дар доираи сафари соҳибкорони Туркия ба Тоҷикистон рӯзи 19 май дар шаҳри Душанбе форуми доираҳои корӣ ва иҷоратии Тоҷикистону Туркия доир гардид.

Зимни вохӯрӣ маросимҳои муаррифии имконоти сармоягузориҳои ҳарду кишвар ва гуфтушунидҳои дуҷониба миёни соҳибкорон барпо шуда, дар кори форум намояндагони ширкатҳои содиркунандаи маҳсулоти Туркия дар соҳаҳои сохтмон, низоми обёриву, бунёди гармхонаҳо, коркарди маснӯоти чӯбу хоҷагии ҷангал, истеҳсоли равған, маҳсулоти чорводорӣ, коркарди сабзавоту мева, саноати хӯроквориву истеҳсоли мебел ва маводи пӯшиши барқӣ, IT-технологияҳо, маҳсулоти оҳану пӯлод ва дигар маснӯоти металлӣ, низомҳои гармидиҳии иффиродӣ ва марказӣ ва ғайра ширкат варзиданд.

Дар робита ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни кишварҳо муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Манзура Рустамова изҳор дошт, ки «таҳкурсии муносибатҳои Тоҷикистону Туркия ба решаҳои мустаҳкаму таърихӣ ва робитаҳои фарҳангӣ миёни мардуми кишварҳо асос ёфтааст».

Ӯ таъкид дошт, ки Тоҷикистон аз талоши ширкатҳои таҳвилгари Туркия барои ҳамкории бештар фаъолона бо тоҷирони тоҷик ва мусоидат ба афзоиши ҳаҷми муомилоти молии дуҷониба истиқбол мекунад.

«Сафари намояндагони ширкатҳои содиротии Туркия ба Душанбе таҷассуми хеле хуби эътимод ба иқтисоди дар ҳоли рушд қарордоштаи Тоҷикистон буда, тиҷорати беҳтарин тиҷорат ба хотири тиҷорат, пешрафт ва рушд аст», -зикр кард сафири Туркия дар Тоҷикистон Айхон Акиф ва ба ҳозирин гуфтушунидҳои бобарору пурсамар орзу намуд.

spot_imgspot_img

Популярное