Имкони ҳамкории Тоҷикистону Арабистону Саудӣ дар содироти оби ошомиданӣ

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Маҷлиси Шўрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ  Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх мулоқот намуд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, зимни мулоқот баҳри таҳкиму густариши бештари муносибатҳои ҳамкорӣ омодагӣ изҳор гардида, қайд шуд, ки соли […]

АМИТ «Ховар»



Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Маҷлиси Шўрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ  Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх мулоқот намуд.

Бино ба

иттилои

АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, зимни мулоқот баҳри таҳкиму густариши бештари муносибатҳои ҳамкорӣ омодагӣ изҳор гардида, қайд шуд, ки соли гузашта ҳаҷми мубодилаи мол байни ду кишвар ба 588 ҳазор доллари ИМА расид ва ин нишондиҳанда ба имконияту иқтидорҳои мавҷудаи ду давлат ҷавобгӯ буда наметавонад.

Зикр гардид, ки бахши  гидроэнергетика ва сармоягузории соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон аз соҳаҳои ҷолиб ва умедбахш ба шумор меравад.  Ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Саудӣ даъват намуд, ки дар татбиқи лоиҳаи гидроэнергетикӣ, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии хурду миёна дар дарёҳои дохилии Тоҷикистон ва сохтмони хаттҳои интиқоли барқ иштирок намояд.

Раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, ки «то  ҷойе огоҳӣ дорем, Арабистони Саудӣ мушкили оби ширину мусаффои ошомиданӣ дорад».  «Кишвари мо дорои захираҳои фаровони оби тоза аст, ки ҳама аз кўҳҳо ва чашмаҳо ибтидо мегирад. Ба назари мо ду кишвар метавонанд дар соҳаи  содироти оби ошомиданӣ аз Тоҷикистон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳамкорӣ намоянд», – гуфт ӯ.

Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки айни замон заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои мо аз 9 санад иборат аст ва дар баррасии ду тараф лоиҳаҳои чанд созишнома қарор доранд. Изҳори умедворӣ менамоем, ки ин санадҳо бо кӯшишҳои ҳарду тараф дар наздиктарин фурсат ва шароити муносиб имзо хоҳанд шуд.

Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни  Иброҳим оли Шайх  таъкид намуд, ки Арабистони Саудӣ кӯшиш мекунад, ки дар оянда муносибатҳои иқтисодиву кишоварзии Тоҷикистону Саудиро тақвият бахшад, зеро дар сиёсати Саудӣ роҷеъ ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тағйироти ҷиддӣ сурат гирифтааст.  Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни  Иброҳим  оли Шайх бо таваҷҷуҳ  ба рушди соҳаи туризм дар Тоҷикистон гуфт, ки солҳои охир шумораи бештари шаҳрвандони Саудӣ хоҳиши дидани Тоҷикистон ва ба роҳ андохтани ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла туризм изҳор менамоянд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.