Анҷоми даври омӯзишии ИА барои кормандони зан дар идоракунии сарҳад



Лоиҳаи идораи сарҳадот дар шимоли Афғонистон – Иттиҳоди Аврупо (БОМНАФ) дуюмин курси баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ барои кормандони зан дар мавриди идоракунии сарҳадро дар Коллеҷи сарҳадии САҲА барои ҳайати роҳбарикунанда дар шаҳри Душанбе ба анҷом расонид.

Дар курси мазкур ҳаждаҳ корманди зан аз Полиси сарҳадии Афғонистон бо ду корманди зан аз Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва се корманди зан аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Онҳо дар мавриди як қатор мавзӯъҳо, аз ҷумла мубориза бар зидди коррупсия, кӯмаки аввалия, баробарии гендерӣ, ҳуқуқи башар, хариду фурӯши одамон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, раҳбарӣ ва идоракунӣ роҳнамоиҳо ба даст оварданд. Коршиносоне, ки роҳнамоии мазкурро пешниҳод намуданд, ҳамчунин заноне буданд, ки мубодилаи озоди назарот ва таҷрибаҳоро байни омӯзишгирандагон ва коршиносон ташвиқ намуданд.

Занон дар курс аз имконияти мубодилаи таҷриба бо кормандон аз нерӯҳои сарҳадии кишварҳои дигар манфиати зиёд ба даст оварданд ва ба таври муштарак маҳоратҳои навро омӯхтанд. Теъдоди занон дар Полиси сарҳадии Афғонистон тақрибан 1%-ро ташкил медиҳад, ки бисёр аққалияти хурд аст ва онҳо дар як муҳити аз нигоҳи ҷисмонӣ ва фарҳангӣ чолишбарангез кор мекунанд. Ҳамкорони тоҷики онҳо ин чолишҳоро беҳтар дарк намуданд ва ҳам онҳо ва ҳам коршиносон тавонистанд ҳавасманд ва собит намоянд, ки вазъият беҳтар хоҳад шуд. 

Дар тӯли ҳафтаи аввал, лоиҳа аз хонум Ваҷма Софӣ пазироӣ намуд, ки ӯ ба шогирдон дар мавриди тадбирҳои анҷомшудаи Афғонистон оид ба баробарии гендерӣ ва ҳуқуқи занон маълумот пешниҳод намуд. Хонум Софӣ узви Маҷлиси намояндагони парлумони Афғонистон аст ва дар тӯли солҳои зиёд дар Полиси сарҳадии Афғонистон кор кардааст.

Коршиноси британиягӣ Аннита Кларк, ки дар тӯли ду рӯз семинар дар мавзӯъи “Раҳбарӣ ва идоракунӣ” баргузор намуд, нозири полис аз Британияи Кабир мебошад. Дар соли 2013 хонум Аннита сазоворӣ унвони полиси соли Пулиси байналмилалӣ гардид. Ӯ узви фаъоли Ассосиатсияи байналмилалии занони полис аст. Ӯ таҷрибаи худро дар бораи ғолиб шудан бар ғарази муассисавӣ бар зидди занон дар давоми 27 сол дар полиси Британия мубодила кард ва дар тӯли курс занонро ташвиқ намуд, ки дар мавриди нокомӣ ва муваффақиятҳои худ мубодилаи назар кунанд.

Ин аввалин сафари хонум Аннита ба Тоҷикистон буд ва имконияти мулоқот бо омӯзишгирандагон мавриди писанди ӯ қарор гирифт. Ӯ дар мавриди таҷрибаи худ чунин гуфт: “Имконияти омӯзиш додани чунин як гурӯҳи занони бисёр ҳавасманд имтиёзи воқеӣ буд. Ман аз садоқати онҳо дар бораи ҳаёти кориашон ва ҳамчунин дар синф то чӣ андоза хуб ҳамкорӣ намудани афсарони афғон ва тоҷик мутаассир ҳастам. Маълум буд, ки онҳо барои бештар дар мавриди худ омӯхтан майл доштанд. Онҳо ба таълим хоҳиши комил доштанд ва маро бовар кунониданд, ки ҳангоми бозгашт ба корҳои худ аз маҳоратҳои нави омӯхтаашон истифода хоҳанд кард.’”

Иштироккунандагон ҳамчунин дар мизи мудаввар дар мавзӯъи “Афғонистон – Осиёи Марказӣ: дурнамоиҳои ҳамкории минтақавӣ” фаъолона иштирок намуданд. Онҳо якҷо бо кормандони зан аз курси Коллеҷи сарҳадии САҲА барои ҳайати роҳбарикунанда презентатсияҳои бисёр ҷолибро гӯш намуданд. Шахсони сухангӯ ҳамчунин аз андешаҳое, ки иштироккунандагон дар вақти саволу ҷавоб баён карданд, истиқбол намуданд.

Ба ҳар омӯзишгиранда ва коршинос дар Курси баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ барои кормандони зан дар мавриди идоракунии сарҳад сумкаи дастдӯхти занони афғон аз коргоҳи дӯзандагии СҒД “Кӯдакони гуреза ва шаҳрвандони осебпазир” дар шаҳри Душанбе супорида шуд. Лоиҳаи БОМНАФ хушҳол аст, ки кори хуби созмони мазкурро дастгирӣ намуд. 

spot_imgspot_img

Популярное