Муаррифии директори нави Дафтари ҳамкории Швейтсария

Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ рӯзи 25 май бо директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Питер Микула вобаста ба анҷоми фаъолияти кории ӯ дар Тоҷикистон дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар баробари ин, ҷониби Швейтсария директори нави Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ хонум Валбурга Рооссро […]



Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ рӯзи 25 май бо директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Питер Микула вобаста ба анҷоми фаъолияти кории ӯ дар Тоҷикистон дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар баробари ин, ҷониби Швейтсария директори нави Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ хонум Валбурга Рооссро низ шинос намуд.

Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ раванд ва дурнамоии ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Швейтсария ва дигар масъалаҳо мавриди эҳтимоми тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимнан зикр мегардад, ки Н. Зоҳидӣ ба П. Микула барои саҳмаш дар таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба изҳори ташаккур намуда, ба фаъолияти хонум Валбурга Роосс дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.