Талаби муҷозоти раиси КДАМ дар Қирғизистон

Date:

Омурбек Текебоев, раиси ҷиноҳи "Ота-Макон"-и порлумони Қирғизистон талаб дорад, ки Абдил Сегизбоев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвараш (КДАМ) ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, Текебоев имрӯз зимни як нишасти хабарӣ дар Бишкек гуфтааст, ки барои дастрас кардани ҳуҷҷатҳои аз Белиз фиристодашуда расман ба КДАМ Қирғизистон нома навиштаанд. Вале ба гуфтаи ӯ, ин ниҳод бо истинод ба қонун дар бораи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҷавоби рад додааст.

Бар пояи қонуни мазкур Сегизбоев ҳақ надорад, ки маълумоти махфиро ифшо кунад. Аммо Текебоев мегӯяд, маълумоти мазкур дар ҷаласаи порлумони кишвараш эълон ва дар ВАО нашр шудааст. "Аз ин рӯ, онҳо хусусияти махфӣ будани худро аз даст додаанд", – афзудааст вакили қирғиз.

Раиси ҷиноҳи "Ота-Макон" зикр кардааст, ки Сегизбоев ба вакилони кишвараш ваъда додааст, ки нусхаи ҳуҷҷатҳоро пешниҳод хоҳад кард. "Вале ба дархости мо ҷавоби рад доданд. Баъдан мо ба Додситонии кул муроҷиат карда, хостем ба ин қазия баҳои қонунӣ дода шавад", – изҳор доштааст вай. Текебаев мегӯяд, президент Алмосбек Отамбоев гуфтааст, ки агар ҳуҷҷатҳои Белиз тасдиқи худро наёбанд, Сегизбоев ба ин ҷавоб хоҳад гуфт.

Абдил Сегизбоев, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ахиран ба президент Алмосбек Отамбоев гуфт, ҳуҷҷатҳое, ки онҳо аз мақомоти расмии Белиз дастрас кардаанд, нишон медиҳад, бархе мақомҳои баландпояи ин кишвар (вакилони кунунии порлумон) манфиатдор буданд, то ширкати "Саутфилд" (эҳтимолан соҳиби он Максим Боқиев аст) моҳи апрели соли 2012 аз фурӯши бахши саҳмияҳои ҳанӯз миллиношудаи ширкати "Алфа Телеком" беш аз 50 миллион доллар ба даст оранд.

Дар ҳуҷҷатҳое, ки дастгоҳи президенти Қирғизистон нашр кард, номи се вакили порлумон аз ҷиноҳи "Ота-Макон" Омурбек Текебоев, Алмамбет Шикмаматов ва Аида Салянова дида мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...