Собиқ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст. Ӯ ба гирифтани пора гумонбар дониста шуда, нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупусяи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, полковники адлия Карим Иброҳимзода дар ин робита ба журналистон хабар дод, ки собиқ раиси ноҳия Маннонзода моҳи марти соли 2014 дар ҳаҷми 14 ҳазор доллар пули нақд ва автомашинаи тамғаи «Тойота Камри»-и арзишаш 26 ҳазор доллар пора гирифтааст.
«Ба ивази ин ӯ дар мавриди масъалаи ҷудо кардани 2,45 га қитъаи замин ба хоҷагии ҶДММ «»Аҳмадов.А» қарори мусбат содир карда, У.Б., раиси ҳамонвақтаи Ассотсиатсияи илмӣ-истеҳсолии ба номи Р.Набиеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ин муомилот ба сифати миёнарав иштирок кардааст, – гуфт номбурда. – Ӯ аз шаҳрванд Ш.М. барои таъсиси хоҷагии ёрирасон барои ҶДММ «Аҳмадов. А» 100 ҳазор доллар маблағ гирифта, қисмате аз пулҳо ва автомашинаро ба раиси ноҳия додааст».
Ба гуфтаи ӯ, 1 марти соли 2017 нисбати У.Б., раиси Ассотсиатсияи илмӣ-истеҳсолии ба номи Р.Набиев мутобиқи моддаи 247 (Қаллобӣ) ва нисбати Абдусамад Маннонзода, собиқ раиси бедаракшудаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мутобиқи моддаи 319, қ. 4, банди «Г»-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Порагирӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд) парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.
Иброҳимзода ҳамчунин зикр кард, ки собиқ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди ҷустуҷӯ эълон шуда, истеҳсолот нисбати парвандаи ӯ алҳол боздошта шудааст.


