Навбатпойии сокинони Туркманистон барои харидани сабӯс

Date:

Баъд аз камчин шудани орд дар минтақаҳои Туркманистон сокинон ба харидани сабӯс рӯ оварданд.

Тавре дар навори видео дида мешавад, сокинони вилояти Дашоғуз барои харидани сабӯс навбатпоӣ мекунанд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар Туркманистон сар аз соли гузашта қимати маҳсулоти ғизоӣ якбора боло рафт. Ҳосили ками ғалладона ва мушкилоти дигари кишоварзӣ дар он кишвар боиси боло рафтани арзиши маҳсулот гардид.

Чанд соли охир ҳукумат бо ворид кардани орд аз хориҷ ниёзи сокинонро бо ин навъи маҳсулот қонеъ мекард. Аммо баъди уфти қимати нафту газ дар бозори ҷаҳонӣ мақомоти Туркманистон барои ворид кардани орд аз хориҷ маблағ пайдо накарданд.

Моҳи декабри соли 2017 арзиши орд дар он кишвар ду баробар гарон шуд. Дар бархе аз минтақаҳои дигар фурӯши орд маҳдуд гардид.

Дар вилояти Дашоғуз дар айни ҳол як сокин ҳақ надорад бештар аз 5 кило орд харидорӣ кунад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...