Даъвати Тоҷикистон ба худдорӣ аз истифодаи зӯр дар Ғазза

Тоҷикистон хунрезӣ дар навори Ғазза ва кушта шудани даҳҳо шаҳраванди Фаластинро, ки ба тазоҳуроти осоишта баромада буданд, қотеона маҳкум менамояд. Дар изҳороти дар ин робита нашршудаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон қайд мешавад, ки шиддатёбии вазъият ва таҳрики амалиёти хушунатбор ваъияти бе ин ҳам хатарноки минтақаро печидатар месозад. Гуфта мешавад, Тоҷикистон бо таъкид бар зарурати ҳатмии […]

Тоҷикистон хунрезӣ дар навори Ғазза ва кушта шудани даҳҳо шаҳраванди Фаластинро, ки ба тазоҳуроти осоишта баромада буданд, қотеона маҳкум менамояд.

Дар изҳороти дар ин робита нашршудаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон қайд мешавад, ки шиддатёбии вазъият ва таҳрики амалиёти хушунатбор ваъияти бе ин ҳам хатарноки минтақаро печидатар месозад.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон бо таъкид бар зарурати ҳатмии ҳалли низоъ бар асоси қатъномаҳои маълуми Шӯрои амнияти СММ, аз ҳамаи ҷонибҳо даъват ба амал меорад, ки аз истифодаи зӯр ва амалҳое, ки поя ва асоси сулҳу суботро аз байн мебаранд, худдорӣ намоянд.

Қобили зикр аст, ки санаи 15 май дар партави 70-умин солгарди таъсисёбии давлати Исроил ва интиқоли сафорати ИМА аз Телавив ба Байтулмуқаддас тазоҳуроти фаластиниҳо доир гардид.

Дар натиҷаи истифодаи силоҳ аз ҷониби сарбозони Исроил тибқи маълумоти ахир, 59 тан аз фаласиниҳо ҳалок ва беш аз 2,7 ҳазор нафар захмӣ шудаанд. Пешвои фаластиниҳо мотами серӯза эълон кард, менависад Лента ру.

Дар ҳамин ҳол, дар кушта шудани беш аз 50 нафар фаластиниҳо Вашингтон Ҳаракати муқовимати исломӣ (Ҳамос)-ро гунаҳкор дониста, қайд кардааст, ки ин эътирозҳо аз ҷониби аъзои ҳаракат тарҳрезӣ шудааст.

Ҳаракати муқовимати исломӣ (Ҳамос) соли 1987 таъсис ёфта, дар Исроил, Канада ва ИМА созмони террористӣ эътироф шудааст. Ҳамчунин дар Урдун ва Миср фаъолияташ манъ аст. Аз соли 2007 ин созмон навори Ғаззаро зери назорат дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.