Қарзҳои имтиёзноки Чин ба ширкатҳои тоҷикистонии воридкунандаи маҳсулоти ин кишвар

Бонки давлатии рушди Чин ба ширкатҳои воридкунандаи молу маҳсулоти Тоҷикистон қарзҳои имтиёзноки содиротӣ пешниҳод мекунад. Ҳанӯз аввали ҳамин сол байни Бонки давлатии рушди Чин ва БДА “Амонатбонк” дар ин хусус тавофуқҳо ҳосил шуда буданд. Пешниҳоди қарзҳо пас аз ба имзо расидани санади ниҳоӣ, ки ояндаи наздик сурат мегирад, оғоз мегардад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз […]

Бонки давлатии рушди Чин ба ширкатҳои воридкунандаи молу маҳсулоти Тоҷикистон қарзҳои имтиёзноки содиротӣ пешниҳод мекунад.

Ҳанӯз аввали ҳамин сол байни Бонки давлатии рушди Чин ва БДА “Амонатбонк” дар ин хусус тавофуқҳо ҳосил шуда буданд. Пешниҳоди қарзҳо пас аз ба имзо расидани санади ниҳоӣ, ки ояндаи наздик сурат мегирад, оғоз мегардад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз “Амонатбонк”.

Бино ба иттилои манбаъ, ин қарзҳо ба ширкатҳои воридкунандаи молу маҳсулот аз Чин, дар навбати аввал таҷҳизоту технология ва техникаи истеҳсоли ин кишвар пешбинӣ шудааст.

Дар “Амонатбонк” қайд карданд, ки муҳлати ин қарзҳо 3-5 сол ва меъёри фоизи солонаи он на бештар аз 12%-ро ташкил хоҳад дод.

Қарзро чӣ гуна метавон дастрас кард?

Тарзи пешниҳоди қарз тариқи зайл аст: ширкатҳои воридкунандаи молу маҳсулоти Тоҷикистон бо дархост ба “Амонатбонк” муроҷиат намуда, дар сурати ҷавобгӯ будани дархост ба ҳамаи талабаот, бонк ба онҳо мактуби кафолатнок медиҳад. Бо ин мактуб ширкатҳо аз истеҳсолкунандагони Чин маҳсулот гирифта, маблағи онро Бонки давлатии рушди Чин пардохт мекунад.

Соҳибкорони тоҷик қарзро бо сомонӣ ба “Амонатбонк” бармегардонанд. Дар навбати худ “Амонатбонк” маблағро ба асъори Чин мубодила карда, ба бонки Чин бармегардонад.

Зимнан зикр гардид, ки зимни гирифтани ин қарзҳо ба ширкатҳои воридкунанда муҳлати имтёзнок дода мешавад, яъне ду соли аввал онҳо танҳо фоизҳоро баргардонида, пардохти қарзи асосӣ аз соли сеюм (агар муҳлати қарз 5 сол бошад) шурӯъ мешавад. Муҳлати имтиёзнок барои соҳибкороне, ки ба муддати се сол қарз мегиранд, 1 солро ташкил медиҳад.

“Мо кӯшиш мекунем, ки миёнаравии долларро дар муносибатҳои мутақобила аз байн бардорем, зеро иштироки асъори амрикоӣ ҳам барои ҳарду бонк ва ҳам барои мизоҷони мо хатарҳои зиёд эҷод карда метавонад”, – изҳор дошт манбаъ.

Дар назар аст, ки Чин барои маблағгузории чунин муомилоти савдо 60 млн. юан (наздики 9 млн. доллар) воситаҳо ҷудо мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.