Баррасии амнияти минтақавӣ дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷии ОМ ва Русия

Дар ҷаласаи сеюми вазирони корҳои хориҷии давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ (ОМ) ва Русия, ки рӯзи 15 октябр дар шакли видеоконфронс баргузор шуд, масоили марбут ба таъмини сулҳу субот дар минтақа баррасӣ шуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, вазирони корҳои хориҷӣ доир ба тадбирҳои муқовимат ба паҳншавии сирояти коронавирус табодули назар намуда, талошҳои имконпазири […]

Дар ҷаласаи сеюми вазирони корҳои хориҷии давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ (ОМ) ва Русия, ки рӯзи 15 октябр дар шакли видеоконфронс баргузор шуд, масоили марбут ба таъмини сулҳу субот дар минтақа баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, вазирони корҳои хориҷӣ доир ба тадбирҳои муқовимат ба паҳншавии сирояти коронавирус табодули назар намуда, талошҳои имконпазири муштарак дар самти рафъи оқибатҳои манфии пандемия ва беҳбуди имконоти зиидибуҳронии ҷонибҳоро баррасӣ карданд.

Аз ҷумла, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар бораи кори ҳукумат оид ба муқовимат ба паҳншавии сироят, стратегияи пешгирии таъсири пандемия ба иқтисод маълумот дод. Вазирон ба масоили таъмини амният дар минтақа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Сироҷиддин Муҳриддин зарурати расидан ба сулҳу субот дар кишвари ба Тоҷикистон ҳамсояи Афғонистонро қайд карда, таъкид намуд, ки ба сифати ҳамраиси Раванди Истанбул оид ба Афғонистон Тоҷикистон ҷиҳати мувофиқасозии тадбирҳои амалии кумак ба ин кишвар талоши зарурӣ ба харҷ медиҳад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масоили рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, дурнамои амалисозии ташаббусҳои калидии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русия дар соҳаи транзитӣ-логистикӣ муфассал баррасӣ шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.