Ифтитоҳи сомона барои ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон Istemol.Tj

Акнун ҳар кадоме аз мо тариқи онлайн метавонад оид ба маҷмӯи масъалаҳои гуногун ройгон машварат гирад. Тӯли зиёда аз 18 сол Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон ба ҳифзи ҷамъиятии ҳуқуқҳои истеъмолгарон машғул аст. Сар аз соли 2003 ин ташкилот маркази машваратӣ оид ба қабули муроҷиати шаҳрвандон – истеъмолгаронро боз намуд, ки тариқи он наздики 5 ҳазор истеъмолгарон […]

Акнун ҳар кадоме аз мо тариқи онлайн метавонад оид ба маҷмӯи масъалаҳои гуногун ройгон машварат гирад.

Тӯли зиёда аз 18 сол Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон ба ҳифзи ҷамъиятии ҳуқуқҳои истеъмолгарон машғул аст. Сар аз соли 2003 ин ташкилот маркази машваратӣ оид ба қабули муроҷиати шаҳрвандон – истеъмолгаронро боз намуд, ки тариқи он наздики 5 ҳазор истеъмолгарон аз кумаки зарурии ҳуқуқӣ баҳравар шуданд.

Дар ин давра Иттифрқ корҳои зиёдеро ба сомон расонид. Фаъолият дар мавриди ҳифзи амалии ҳуқуқҳои истеъмолгарон бо тартиби тосудӣ ва судӣ, инчунин дар марҳилаи истеҳсолоти иҷро мунтазам дастгирӣ мешуд.

Ҳуқуқҳои ҳазорон истеъмолгарон дар баррасии масоили гуногун ҳифз шуданд: техникаи маишии пастсифат, мебел, маҳсулоти ғизоӣ, сарулибос, хизматрасониҳои сайёҳӣ ва тиббӣ, хизматрасониҳо дар сафарҳои ҳавоӣ, тайёр кардани мебел, таъминот бо барқу об, хизматрасониҳои хонаҳои истиқоматии баландошёна ва ғайра.

Давоми фаъолияти худ Иттифоқ ҷиҳати ба истеъмолгарон баргардонидани зиёда аз 1 млн доллар маблағ кумак кард, ки барои молу маҳсулот ё хизматрасонии пастсифат пардохт шуда буданд.

Акнун имрӯз Иттифоқ сомонаи худро ба кор медарорад, ки тавассути он ҳар як истеъмолгар дар бораи ҳуқуқҳои худ маълумоти зарурӣ дарёфт намуда, ҳамчунин барои машварату кумаки ҳуқуқӣ муроҷиат карда метавонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...