Дар Суғд барои бениқоб гаштан 175 ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд

Дар вилояти Суғд аз оғози ҳамагирии коронавирус то кунун барои набастани ниқоб, ки дастури Ситоди ҷумҳурявии мубориза бо коронавирус аст сокинонро бештар аз 175 ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд. Аз тарафаи кормандони  Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят, барои риоя накардани қоидаи муқовимат бо ҳамагирии коронавирус ва дигар бемориҳои сироятӣ, яъне бе ниқоб […]

Афзал Босолиев, Asia-Plus

Дар вилояти Суғд аз оғози ҳамагирии коронавирус то кунун барои набастани ниқоб, ки дастури Ситоди ҷумҳурявии мубориза бо коронавирус аст сокинонро бештар аз 175 ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд.

Аз тарафаи кормандони  Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят, барои риоя накардани қоидаи муқовимат бо ҳамагирии коронавирус ва дигар бемориҳои сироятӣ, яъне бе ниқоб гаштугузор намудани шаҳрвадон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар маҷмӯъ нисбат ба 1277 нафар бо қисми 1 моддаи 113-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунӣ оғоз шудааст. Дар ин бора Фурқат Шарифов ҳуқуқшиноси Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд ба “Азия-плюс” иттилоъ дод.

“Ин парвандаҳо аз тарафи мутахассисони Маркази назорати  давлатии санитарию эпидемиологии  шаҳру ноҳияҳои вилоят баррасӣ гардида, нисбати шаҳрвадон ба маблағи умумии 175 ҳазору 642 сомонӣ ҷарима таъин шудааст. Аз ин то имрӯз ҳамагӣ 148 ҳазору 219 сомонӣ ситонида шуда, 27 ҳазору 419 сомонӣ ҷарима боқӣ мондааст“,-афзуд манбаъ.

Аз 1277 нафар  86 танашонро ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ, 335 нафарашонро кормандони ошхонаву тарабхонаҳо ва 865 нафарашонро шахсони воқеиро ташкил медиҳанд.

Бино ба иттилои масъулин 349 ҳолат аз тарафи кормандони прокуратураи шаҳру навоҳии  вилоят дар якҷоягӣ бо Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру навоҳии вилоят, 772 ҳолат аз ҷониби ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд, 18 ҳолат аз ҷониби Шӯъбаи минтақавии мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташакклили ВКД  ҶТ  дар вилоят ва 138 ҳолат аз тарафаи кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру навоҳии вилояти Суғд ошкор карда шудааст. 

Дар Тоҷикистон мутобиқи дастури Ситоди ҷумҳурявии муқовимат ва пешгирии паҳншавии коронавирус аз миёнаҳои моҳи май бастани ниқоб ҳатмӣ шуд ва сар аз 4-уми июли соли 2020, баъди аз сӯйи раисҷумҳур имзо шудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ сокинонро барои набастани ниқоб дар ҷойҳои муайянкардаи қонун аз аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима мебанданд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.