Боздошти 10 кас дар Ӯзбекистон барои паҳнкунии овозаи рахна шудани сарбанди обанбори Қайроққум

Date:

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон аз рӯйи далели паҳнкунии овоза ва маълумоти бардурӯғ, ки байни аҳолии вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон, нигаронӣ ба бор овард, 10 нафарро боздошт намуданд.

Шоми бевақти 14 январ дар шабакаҳои иҷтимоии ӯзбекзабон дар бораи гӯё рахна шудани обанбори Қайроққум дар қаламрави Тоҷикистон маълумот нашр шуд.

Бино ба иттилои хабаргузории “Дарё”-и Ӯзбекистон, ҳамаи боздоштшудагон аз амали содиркардаашон изҳори пушаймонӣ карда, аз ҳукумат ва шаҳрвандон маъзарат хостанд. Ҳамаи онҳо сокинони вилояти Сирдарё буда, миёнашон як зан ва блогернависи маҳаллӣ ҳузур доранд. Ба онҳо ҷаримаҳои зиёд ва ҳатто ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати ду сол таҳдид мекунад.

Овозаҳо дар бораи гӯё рахна шудани сарбанди обанбори Қайроққум байни аҳолии чанде аз ноҳияҳои вилояти Сирдарё нигарониву ташвиши зиёде ба бор овард. Он замон бархе аз сокинони ноҳияҳои Сардоб, Мирзообод ва Оқолтин шитобкорона манзилҳои худро тарк карда, дар роҳҳои мошингарди ноҳияҳои зикршуда ҳолатҳои танбашавии нақлиёт ба вуҷуд омад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...