Додгоҳи Суғд 39 шаҳрванди Қирғизистонро барои убури марз ба ҷавобгарӣ кашидааст.

Додгоҳи вилояти Суғд дар соли гузашта 39 шаҳрванди Қирғизистонро барои убури ғайриқонунии  марз ба ҷавобгарӣ кашидааст. Дар ин бора Бахтиёр Оқилзода, раиси додгоҳи Суғд дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, вале ҷузъиёти парвандаи маҳкумшудагонро ошкор накард. Ӯ дақиқан нагуфт, ки чанд нафар аз ин шаҳрвандони қирғиз ҷарима шудаву чанд нафар маҳкум ба зиндон шудаанд. “Соли гузашта 27 парванда […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Додгоҳи вилояти Суғд дар соли гузашта 39 шаҳрванди Қирғизистонро барои убури ғайриқонунии  марз ба ҷавобгарӣ кашидааст. Дар ин бора Бахтиёр Оқилзода, раиси додгоҳи Суғд дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, вале ҷузъиёти парвандаи маҳкумшудагонро ошкор накард.

Ӯ дақиқан нагуфт, ки чанд нафар аз ин шаҳрвандони қирғиз ҷарима шудаву чанд нафар маҳкум ба зиндон шудаанд.

“Соли гузашта 27 парванда нисбати 39 нафар аз рӯйи моддаи 335-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон “убури ғайриқонунии марз” баррасӣ шуда онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Ҳамаи ин нафарон шаҳрвандони Қирғизистон мебошанд”,- гуфт, Бахтиёр Оқилзода.

Моддаи 335-и кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Тоҷикистон) аз ду қисм иборат аст. Қисми якуми ин моддаи кодекси ҷиноӣ  “ғайриқонунӣ, бидуни ҳуҷҷати муайяншуда ва иҷозати зарурӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Тоҷикистон” аст, ки ҷазои ҷарима аз 500 то 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муддати аз 2 то 5 солро дар бар мегирад.

Қаблан Бахтиёр Оқилзода, раиси додгоҳи Суғд дар нишасти хабарии нимсолаи соли 2021 гуфта буд, ки дар ин давра 19 нафар шаҳрванди Қирғизистон бо ҷурми убури ғайриқонунии марз ҷазо гирифта буданд. Оқилзода гуфта буд, “нисбати 18 нафари онҳо ҷазои ҷарима ва нисбати як нафар ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст. Дар суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нисбати 13 нафар, дар суди шаҳри Исфара ва Конибодом парвандаи 3 нафарӣ баррасӣ шуда, онҳо ҷазо гирифтанд”, – гуфта буд, раиси додгоҳи Суғд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон низ дар нишасти хабарии рӯзи 2-юми феврал гуфта буд, ки дар пайи даргириҳои  шаби 27 ба 28-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон алайҳи марзбонҳои кишвари ҳамсоя парванда боз кардааст.

Ӯ гуфт вобаста ба ҳодисаҳои ахири марзӣ “аз ҷониби ман парванда боз шуд, марзбонҳо ва баъзе аз шаҳрвандони Қирғизистон дар содир намудани ҷинояти муайян гунаҳкор мешаванд ва тафтишот давом дорад”.

Аммо Юсуф Раҳмон нагуфт, ки ин парвандаҳо алайҳи чанд нафар ва бар асоси кадом моддаҳои ҷиноӣ боз шудаанд

“Вобаста ба муноқишаи моҳи апрели соли гузашта дар марз бо Қирғизистон низ парванда боз шуда, баъзе гунаҳкорон муйян ва дастгир шуданд, бархеи дигар дар кофтукоб қарор доранд ва дар сурати дастгир шудан мо онҳоро ҳам ба ҷавобгарии ҷиноятӣ мекашем”, – илова кард додситони кулли Тоҷикистон.

Қирғизистон пас аз муноқишаи хунини моҳи апрели соли 2021 марзаш бо Тоҷикистонро баст. Дар пайванд ба ин муноқиша Қирғизистон низ чанд шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми “ҷиноят бар зидди сулҳ” ва “ғоратгарӣ”-барои муддатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон кард. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.