Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари худ ба вилояти Суғд, ки дирӯз, 29-уми март оғоз шуд, як қатор иншооти маскуниву фарҳангӣ ва корхонаҳои саноатиро ба истифода дода, бо роҳбарону фаъолони вилоят мулоқот кардааст. Аз ҷумла, субҳи имрӯз, 30-юми март раисҷумҳур вазъи иҷтимоию иқтисодии вилоятро дар моҳҳои январ – феврали соли 2026 бо ширкати масъулин таҳлил ва баррасӣ кардааст.
Нигаронии раисҷумҳур аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ
Тибқи иттилои расмӣ, Эмомалӣ Раҳмон нигаронӣ кардааст, ки суръати рушди саноат дар вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13% коҳиш ёфтааст. Ӯ ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳои Суғд супориш додааст, ки сабабҳои коҳиши истеҳсолот дар бахши истихроҷро таҳлил карда, барои барқарор кардани суръати рушди он тадбир андешанд.
Инчунин роҳбари кишвар вобаста ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла бо либоси мактабӣ, рушди суръати кишт, аз ҷумла пахта, иҷрои пурраи нақшаи бунёди боғу токзор супориш додааст.
Ӯ роҳбарияти ҳукумати вилояти Суғдро ба иҷрои пурра ва саривақтии нақшаи даромади буҷет, таҳкими интизоми андоз ва ҳалли бақияи қарзи андозҳо даъват кардааст.
Раисҷумҳур ҳамчунин нигаронӣ кардааст, ки фаъолияти як қатор ташкилотҳои қарзӣ ба талаботи замон ҷавобгӯ нест ва сатҳи хидматрасонӣ ба аҳолӣ, бахусус, дар минтақаҳои дурдаст беҳбудиро металабад. Ӯ ба масъулини сохторҳои дахлдор ҷиҳати гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифодаи воситаҳои рақамӣ ва беҳтар кардани сифати хидматрасониҳои бонкӣ ва дастрасӣ ба он дастур додааст.
Кадом сохтмонҳо дар Суғд ифтитоҳ шуд?
Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи аввали сафари худ ба ин вилоят, нахуст дар шаҳри Бӯстон Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз бозсозӣ ба истифода додааст.
Ифтитоҳи бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкин
Театр 300 ҷой дар масоҳати 1350 метри мураббаъ сохта шудааст. Иншоот дорои толори нишаст, толори хурди тамрин, 14 ҳуҷраи корӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон будааст. Дар ин ҷо 36 сокини шаҳр бо ҷойи кор таъмин шуданд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон чанд коргоҳу сохтмони дигар дар ин вилоят ба кор оғоз кард. Аз ҷумла дар ҳузури раисҷумҳур дар шаҳраки Кансойи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи қуттиҳои картонӣ ба кор оғоз кардааст.
Ин сохтмон марҳилаи дуюми корхонаи “Қуттии тоҷик” буда, иқтидори он ба “коркарди 15 тонна маҳсулот ва истеҳсоли наздик ба 30 ҳазор қуттиҳои картонӣ” баробар гардидааст. Корхонаи “Қуттии тоҷик” соли 2025 “ба маблағи беш аз 2 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ба хориҷи кишвар маҳсулот содир кардааст”.
Дар ин ҷо Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хидматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварии “Чӯҷаи байзо” дар деҳоти Исфисори ноҳияи мазкурро ба истифода додааст.
Ба иттилои расмӣ, корхонаи парандапарварӣ барои парвариши 200 ҳазор сар мурғи гӯштӣ пешбинӣ шуда, аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорон дар масоҳати 6,7 садяк замин бо харҷи беш аз 12 млн сомонӣ бунёд шудааст. Дар ин ҷо 30 сокини маҳалӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.
Маркази савдо ва хидматрасонии “Раҳимӣ”
Дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд сохтмони маскунӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоӣ ба истифода дода шуд, ки ба иттилои расмӣ, он аз 9 ошёна ва 40 хонаи як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат аст. Раисҷумҳур дар ин сохтмон ба 30 корманди соҳаи маориф ва тандурустӣ калиди хонаи истиқоматӣ супурдааст.
Сохтмони маскунӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоӣ.
Пеш аз ин, Эмомалӣ Раҳмон дар ин шаҳр бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд, Маркази фарҳанг ва рушди фанновраиҳои навин дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, корхонаи истеҳсоли нӯшиданиҳои “Суғд саноат холдинг” ва Маҷмааи варзишии “Суғд-арена”-ро ифтитоҳ кардааст.
Маҷмааи варзишии “Суғд-арена” дорои майдони футбол ва 11 толор буда, наврасону ҷавонон аз рӯйи 14 намуди варзиш дар он метавонанд тамрин кунанд. Дар ин ҷо 50 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст.
Бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноат дорои ду шуъба, маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои корӣ ва утоқҳои ёрирасон будааст.
Маҷмааи варзишии “Суғд-арена”
Маркази фарҳанг ва рушди фанновраиҳои навин дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дорои маҷлисгоҳ бо 720 ҷойи нишаст, Маркази ҳуши маснӯӣ ва IT Park, толори Шӯрои диссертатсионӣ, осорхона, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, толори хурди омӯзиши мусиқӣ ва рақс, ҳуҷраҳои ёрирасон ва хидматрасонӣ будааст.
Корхонаи истеҳсоли нушокиҳои “Суғд саноат холдинг” ду хатти технологӣ дошта аз сӯйи соҳибкор Мирзоабдураҳмон Мирзобаҳодурзода бунёд шудааст.
Корхонаи истеҳсоли нушокиҳои “Суғд саноат холдинг”
Раисҷумҳур дар ин рӯз инчунин як қатор иншооти иҷтимоию истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ба истифода додааст. Аз ҷумла, дар ҳузури ӯ Маркази ташхисию табобатии Нейрамед, ки аз ҷониби Илҳоми Тоҷибой, соҳибкори маҳаллӣ сохта шудааст, коргоҳи нави коркарди гӯшти парранда ва истеҳсоли маҳсулоти нимтайёри Далерон ва коргоҳи истеҳсоли Шириниҳои Анас ба кор оғоз кардаанд.
Бояд гуфт, сафари кории Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд се рӯз – 29-30-31-уми март идома мекунад. Раисҷумҳур ахиран 18-уми ноябри соли гузашта ба ин вилоят сафар карда буд.





