Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо тими миллии Филиппин мусовӣ карда, ба марҳилаи асосии ин мусобиқа роҳ ёфт.

Набарди дастаҳо шоми дирӯз, 31-уми март, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуда, бо натиҷаи 1:1 поён ёфт. Ягона голи дастаи моро Шериддин Бобоев зад. Футболбозони тоҷик дар ин дидор ба душворӣ бозиро мусовӣ карданд.

Тими миллии Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё як ҷо бо Филиппин, Тимори Шарқӣ ва Малдив дар гурӯҳи “А” қарор доштанд. Тоҷикистону Филиппин баъди баргузории 6 бозии даври интихобӣ 14-имтиёзӣ гирифтанд, вале аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Тоҷикистон дар ҷойи якум қарор гирифта, ба Ҷоми Осиё роҳ ёфт.

аз AFC Asian Cup

Дастаҳои Малдив ва Тимори Шарқӣ бо 3 имтиёзӣ дар зинаҳои сеюм қарор гирифта, қаблан имкони баромадан ба Ҷоми Осиёро аз даст дода буданд.  

Ҷоми Осиё-2027 аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027, 24 даста ба 6 гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шуда буданд. Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё баромаданд.

Пеш аз ин 18 дастаи дигар аз марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 мустақим ба Ҷоми Осиё роҳхат пайдо карда буданд. Дар умум, дар Ҷоми Осиё-2027 24 даста иштирок мекунанд.

Бояд гуфт, ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад. Бори аввал дастаи мо дар Ҷоми Осиё-2023, ки аввалҳои соли 2024 баргузор шуда буд, ширкат карда, то даври ¼-ниҳоӣ рафт. Вале дар ин мраҳила аз тими миллии Урдун бо натиҷаи 0:1 шикаст хӯрда, аз идомиа мусобиқа маҳрум шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.