Нархи молу маҳсулот ва хидмарасониҳо дар Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 2026 дар муқоиса бо моҳи март 0,6% ва дар муқоиса бо аввали сол 1,9% гарон шудааст. Дар ин бора Оҷонсии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои ин ниҳод, дар моҳи апрел аз ҳама бештар хӯрока гарон шудааст: 0,9 дарсад. Нархи маҳсулоти ғайриозуқа 0,5% боло рафта, арзиши хидматрасониҳо ба аҳолӣ бетағйир боқӣ мондааст.
“Аз оғози сол (январ-апрели соли 2026) болоравии умумии нархҳои истеъмолӣ 1,9%-ро ташкил дод. Хӯрока дар ин давра 2,4%, маҳсулоти ғайриозуқа 0,5% ва хидматрасонҳои пулакӣ ба аҳолӣ 3,4% гарон шуданд”, – зикр мешавад дар ҳисоботи ин ниҳод.

Дар моҳи апрел кадом маҳсулот қиматтар шуд?
Ба таври назаррас себ – 16,1%, сабзӣ – 10,4% ва шакар – 9,4% қимат шуданд. Мева ба сурати умум ба андозаи 4,8%, картошка – 4,7%, нон – 2,7% гарон шуданд.
Ҳамчунин, нӯшокӣ 1,1%, равған ва чарбу – 1%, гӯшти қимаи (фарш) – 0,7% гарон шудааст. Гӯшти гов 0,4% ва орд – 0,2% қимат шудааст.
Дар ҳамин ҳол, давоми чаҳор қисме аз маҳсулот арзон шудааст: бодиринг ва тухм – 3,9%, пиёз – 3,4%, биринҷ – 2,1%, шир – 1,9%, гӯшти мурғ – 1,2%.

Аз оғози сол, нархи мева ба таври назаррас – 17,5% қимат шуд. Бахусус себ – 49,1%, ангур – 17,5%, лимӯ – 14% в банан – 2,3% гарон шуданд.
Сабзавот аз оғози сол ба андозаи 4,7% қимат шуд: помидор – 13,6%, карам – 12,4%, картошка – 10,6%, сабзӣ – 5,9% ва пиёз – 3,3%.
Нон аз оғози сол – 6%, равғану чарбу – 3,3%, орд – 2,8% ва нӯшокӣ 2,7% қимат шуданд.
Дар ҳамин ҳол, нархи бодиринг – 9,2%, биринҷ – 8%, тухм – 6,9%, шир ва гӯшти гов 1,8%, ва гӯшти мурғ – 1,1% арзон шудааст.

Аз ҳама бештар сӯзишворӣ ва хидматрасонии пулакӣ қимат шудааст
Нархи маҳсулоти ғайриозуқа дар моҳи апрел нисбат ба моҳи март 0,5% қимат шуда, бештар маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ 6,8% гарон шудааст. Сӯзишвории дизелӣ дар як моҳ 12,4%, бензин – 10,3% ва гази моеъ – 4% қимат шудааст.
Сарулибос ва пойафзол дар моҳи апрел ба андозаи 0,3% гарон шуданд. Дар ҳамин ҳол, нархҳо ба мебел, ашё ва лавозимоти рӯзгор, маҳсулоти маишӣ – 0,1% арзон шудааст.
Аз оғози соли 2026, маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ ба андозаи 8% гарон шуданд. Аз ҷумла, нархи гази моеъ ба андозаи 13,5%, бензин – 4% ва сӯзишвории дизелӣ – 1,7% қимат шудааст. Масолеҳи сохтмон баръакс, ба андозаи 0,7% арзон шудааст.
Нархҳои хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ дар моҳи апрел назар ба моҳи март тағйир наёфтанд, аммо аз оғози сол 3,4% қимат шудаанд. Аз ҳама бештар таърифаҳо (тарифҳо) ба хидматрасониҳои коммуналӣ 10,7% гарон шудааст. Хидматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо 1,5%, хидматрасонии нақлиёт – 0,2% ва ҳамлу нақли ҳавоӣ – 0,9% гарон шудаанд. Арзиши билети хатсайри Душанбе – Маскав 1,5% гарон шудааст.









