Хуҷанд: Ҳалокати ҷавони 18-сола дар ҷанҷоли бо кордзанӣ анҷомёфта

Date:


Бар асари як ҷанҷоле, ки миёни ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд ба вуқӯъ пайвасту бо кордзанӣ анҷом ёфт, як ҷавони 18-сола ба ҳалокат расид. Ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят се нафар гумонбаршудагон боздошт шудаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, рӯзи 15-уми сентябр дар назди театри ба номи Камоли Хуҷандӣ миёни як гурӯҳ ҷавонон ҷанҷолу афтударафт ба вуқӯъ пайваста, он бо кордзанӣ ба анҷом мепазирад. «Дар натиҷа Шӯҳрат Ӯрунови 18-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ҳамроҳони ӯ – Фирдавс Каримови 18-сола ва Мӯминҷон Ҷӯраеви 23-сола бо ҷароҳатҳои бардошта аз зарби корд ба беморхона бистарӣ шудаанд», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, пас аз ин ҳодиса ҷинояткорон аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. «Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта ба гумони даст доштан дар содир намудан ин ҷиноят ду нафар сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – А.Т.-и 20-сола ва Б.М.-и 21-сола ва ҳамчунин сокини 21-солаи шаҳри Хуҷанд З.П. дастгир шуданд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 104, қ. 2 (Одамкушӣ) ва 237, қ. 3 (Авбошӣ)-и КҶ ҶТ правандаи ҷиноӣ боз гардида, ҷиҳати боздошти дигар афроди дар ин ҷиноят дастдошта, аз ҷумла як нафар ноболиғ чораҳо андешида мешаванд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...